Дар ҳамлаи террористӣ дар Нигерия 163 нафар кушта шуданд

Дар ҳамлаи террористии афроди ношинос дар Нигерия 163 нафар кушта ва беш аз 300 нафар захмӣ шуданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Манобеи маҳаллӣ ва хабарӣ дар Ниҷерия гузориш доданд, ки дирӯз бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар вилояти Плато дар маркази Нигерия 163 нафар кушта ва беш аз 300 нафар захмӣ шудаанд.

Манобеи зикршуда афзуданд, ки вазъи бархе аз захмиён дар ин ҳамлаи террористӣ вахим арзёбӣ мешавад.

Мақомоти Плато гуфтанд, ки афроди ношинос аз рӯзи шанбе ба 20 русто ҳамла карданд ва ин ҳамла то рӯзи душанбе идома пайдо кард.

Нигерия

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад