Имзои созишномаи 18 миллион долларӣ миёни Тоҷикистон ва Сандуқи рушди ОПЕК

Тоҷикистон ва Сандуқи рушди байналмилалии ОПЕК дар заминаи тавсеаи зерсохтҳои ҷоддаӣ ва омӯзиш тавофуқотеро ба арзиши 18 миллион доллар имзо карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Файзуддин Қаҳҳорзода” вазири дороӣ Тоҷикистон ва “Абдулҳамид Ал-Халифа” мудири кулли Сандуқи рушди байналмилалии ОПЕК, барои тавсеаи байналмилалӣ ду тавофуқномаи эътиборӣ имзо карданд.

Яке аз ин тавофуқномаҳо ба арзиши 10 миллион доллар ба иҷрои марҳилаи якум лоиҳаи «бозсозии бузургроҳи Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ» муртабит аст, ки ҳадаф аз иҷрои он беҳбуди кайфият ва короӣ шабакаи ҷоддаӣ Тоҷикистон ва ҳамчунин кумак ба тавсеаи зарфияти транзитии байналмилалии кишвар ба шумор меравад.

Ин тавофуқнома ба таври комил аз тариқи воми имтиёзи Сандуқи рушди байналмилалии ОПЕК, таъмин мешавад.

Тавофуқномаи дувум ба маблағи 8 миллион доллар бо ҳадафи таъмини молӣ ва марҳалаи дувуми лоиҳаи «ҳимоят аз татбиқи стратегияи тавсеаи омӯзиши миллӣ» сурат гирифтааст.

Ин лоиҳаи бо ҳадафи беҳбуди муҳити омӯзишӣ ва тақвияти системи омӯзишӣ дар Тоҷикистон аз тариқи ба рӯзрсонии зерсохтҳои мадорис, густариши дастрасӣ ба он ва ҳамчунин созмондеҳии системи омӯзиши ҳирфаӣ мустамарри муаллимон ва муаррифии як системи миллӣ барои арзёбии дастовардҳои омӯзишӣ, анҷом мешавад.

Бар асоси гузоришот, ин тавофуқнома низ аз тариқи воми имтиёзии Сандуқи рушди байналмилалии ОПЕК таъмин мешавад.

Мудири кулли Сандуқи ОПЕК барои тавсеаи байналмилалӣ дар чорчуби сафари худ ба Тоҷикистон ҳамчунин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур дидор ва чашмандози тавсеаи равобит байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад