Вокуниши гуруҳҳои муқовимати ХМ ба террори генерали эронӣ

Ба гузориши ТоҷикПресс, гуруҳҳои муқовимати Ховари Миёна шаҳодати генерали эронӣ, “Сайидразӣ Мусавӣ”, аз машваратчиён ва низомии бособиқаи Сипоҳи Посдорони Ҷумҳурии Исломии Эронро маҳкум карда ва бар ҳатмӣ будани нобудии Исроил ба дасти муқовимати ин минтақа таъкид карданд.

Ҷумбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар баёнияе эълом кард, террори ноҷавонмардонаи режими ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи шаҳид генерал “Сайидразӣ Мусавӣ”, яке аз барҷастатарин фармондеҳони Сипоҳи Посдорони Ҷумҳурии Исломии Эронро ба шадидтарин алфоз маҳкум мекунад.

Бар асоси гузориши шабакаи Ал-маёдин, ин ҷабҳаи муқовимат эълом кард, ки шаҳид Сайидразӣ нақши асосӣ дар ҳимоят аз неруҳои муқовимат дар минтақа (Ғарби Осиё) ва ҳимоят аз миллати Фаластин, муқовимату масъалаи онҳо дошт.

Дар ин баёния омадааст: “Ин террори ҷинояткорона бори дигар таъид мекунад, ки хатари ин режими ҷинояткор кулли минтақаро таҳдид мекунад ва дастони ин режим ба хун олудааст ва қатлу ҷиноятро густариш медиҳад.”

Ҷиҳоди исломии Фаластин дар идомаи баёнияи худ овардааст: “Мо таъкид мекунем, ки ҷинояткории режими саҳюнистӣ ва таҳдиди амнияти минтақа тавассути он, танҳо шикасти ин режим ба дасти неруҳои муқовиматро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.”

Гуруҳҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ низ бо интишори баёнияе шаҳодати Генерал Мусавиро ба раҳбари Эрон ва миллатҳои минтақа ва тамоми озодагони ҷаҳон таслият гуфту ин шаҳидро дорои нақши барҷастае дар муқобила бо такфириҳои ДИИШ ва Ал-қоида донист.

Гуруҳҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ шаҳодати Генерал Сайидразӣ Мусавиро як иқдоми ҷинояткорона донистанд.

Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин низ дар баёнияе шаҳодати ин генералро ба раҳбару миллати Эрон таслият гуфту эълом кард, ки шаҳид Сайидразӣ нақши муҳимме дар ҳимоят аз муқовимату афзоиши тавонмандиҳои он дар арсаҳои мухталиф ифо кард.

Дар ин баёния омадааст: “Иртикоби ҷинояти террори шаҳид Мусавӣ тавассути режими саҳюнистӣ, ҳалқаи таъйид шудаи докторини ҷинояткоронаи саҳюнистӣ мебошад, ки минтақа ва кулли ҷаҳонро ҳадаф қарор додааст.”

Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин ҳамчунин изофа кард: “Ин ҷинояти Исроил, ки бо ҳамоҳангӣ ва мушорикати Амрико ва ғарб анҷом мешавад, талоше аз сӯи режими ишғолгар барои фирор ба ҷилав аст ва танҳо боиси ташдиди ҳамалот алайҳи ин режим мешавад. Ин душмани ҷинояткору буздили саҳюнистӣ эҳсоси амният ва субот нахоҳад кард, балки ваҳшат задааст ва бояд мунтазири посух бошад.”

Дар идомаи баёнияи Ҷабҳаи мардумии Фаластин таъкид шудааст: “Муқовимат дар ҷабҳаҳои мухталиф дар Фаластин, Лубнон, Яман, Ироқу манотиқи дигар мултаҳиб аст ва режими саҳюнистӣ ва муттаҳидонаш заработи пушти сари ҳаме дарёфт мекунанд ва террор ё ҳадаф қарор додани фармондеҳони муқовимат дар манотиқи мухталиф, илтиҳобу азми ҷабҳаи муқовиматро барои расидан ба ҳадафи аслии худ яъне ҳазфи ин режими саратонӣ ва пайравонаш аз Фаластин ва минтақа бештар мекунад.”

Пеш аз ин низ Ҳизбуллоҳи Лубнон террори Генерал “Сайидразӣ Мусавӣ” тавассути режими саҳюнистиро маҳкум кард ва онро “ҷинояти ошкор ва бешармона” тавсиф карда буд.

Ҳамчунин Ҷумбиши Ал-нуҷабо шаҳодати “Сайидразӣ Мусавӣ” дар Сурияро ба тамоми муқовимат таслият гуфта ва ин шаҳодатро масире барои поёни ишғолгарӣ ва расидан ба озодии ниҳоӣ тавсиф кард ва интиқом гирифтани муқовиматро ҳатмӣ донист.

Душанбеи 25 декабр расонаҳои хабарии Эрон гузориш доданд, ки дар ҳамлаи мушакии Исроил ба Димишқ, пойтахти Сурия Генерал “Сайидразӣ Мусавӣ” аз машваратчиён ва низомии бособиқаи Сипоҳи Эрон ва аз ҳамразмони генерал шаҳид “Қосим Сулаймонӣ” ва масъули ҳимояти ҷабҳаи муқовимати Ховари Миёна дар Сурия ба шаҳодат расадааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад