Рӯнамоии Қирғизистон аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва пешрафтаи ҷадидаш

29 октябри соли 2023 қабл аз оғози сабақҳои тактикӣ дар тамрингоҳи ҳарбии “Эделвейс”, ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ( Садыр Жапаров) намунаҳои силоҳҳои ҷадиде, ки барои Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар, асосан барои қӯшунҳои марзбониаш харидорӣ шудаанд, аз ҷумла мошинҳои зиреҳпӯш ва дронҳои сохти худи Қирғизистон, ҳамчунин ҳавопаймоҳои бесарнишини навтарини тамғаи “Оқинҷӣ” ва “Оқсунғур”, ки ахиран аз Туркия хариданд, намоиш дода шуданд.

29 октябри соли 2023 қабл аз оғози сабақҳои тактикӣ дар тамрингоҳи ҳарбии “Эделвейс”, ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ( Садыр Жапаров) намунаҳои силоҳҳои ҷадиде, ки барои Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар, асосан барои қӯшунҳои марзбониаш харидорӣ шудаанд, аз ҷумла мошинҳои зиреҳпӯш ва дронҳои сохти худи Қирғизистон, ҳамчунин ҳавопаймоҳои бесарнишини навтарини тамғаи “Оқинҷӣ” ва “Оқсунғур”, ки ахиран аз Туркия хариданд, намоиш дода шуданд.

Дар аксҳои нашркардаи хадамоти матбуоти президент дида мешавад, ки Ҷабборовро дар ин “намоиши зӯри бозу” дасти росташ – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳамроҳӣ мекунад.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, ба Ҷабборов дар “Эделвейс” аз ҷумла мошинҳои зиреҳпӯши тамғаҳои “Тигр”, “Аксум” (“Оқсум”) ва “Тойота Ленд Крузер79”, ки бо пулемётҳои қутрашон бузург мусаллаҳ гардонида шудаанд, дронҳои сохти Қирғизистон ва гранатомётҳои 40-миллиметрии RBG, ки ҳар кадомаш 6 норинҷак дошта, барои аз байн бурдани нирӯи зиндаи душман пешбинӣ шудаанд, намоиш дода шуд.

Содир Ҷабборов ҳамчунин бо иқтидори ҷангии ҳавопймоҳои бесарнишини туркии “Оқинҷӣ” ва “Оқсунғур”, ки бо мушакҳои “замин ба ҳаво” ва “ҳаво ба ҳаво” мусаллаҳ гардонда шуда, тавони аз байн бурдани ҳадафҳо чӣ дар осмон ва чӣ дар заминро доранд шинос шудааст. Ин паҳподҳо ҳам рӯзона ва ҳам шабона истифода шуда метавонанд, чунки бо таҷҳизоти навтарини радиолокатсионӣ ва нишонгирӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.

Паҳподи “Оқинҷӣ” 450 қувваи асп иқтидор дошта, суръати парвозаш то 361 километр дар як соат аст. Паҳподи “Оқсунғур”, ки бештар барои амалҳои ҷосусист, 170 қувваи асп иқтидор дошта, суръаташ то 240 километр дар як соатро ташкил медиҳад.

Президенти Қирғизистон дар суханрониаш гуфтааст, ки ҳукумати ӯ аз соли 2021 ба ин тараф ба сурати мунтазам ба таҳқими иқтидори ҷангии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар машғул шуда, тавонист, ки алакай барои артиш ва қӯшунҳои сарҳадӣ силоҳҳои муосире, ба мисли ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор ТБ”, “Оқинҷӣ” ва “Оқсунғур” харидорӣ кунад.

Содир Ҷабборов ваъда супурд, ки давлат ба таҳкими иқтидори ҷангии артиши Қирғизистон ва беҳбуди шароити афсарону аскарон ҳамчунон идома хоҳад дод. Дар анҷом Ҷабборов ва Тошиев аз манораи дидбонӣ ҷараёни гашти ҳарбӣ бо иштироки чархболҳоро тамошо карданд.

Қирғизистон дар ҷараёни муноқишаи хунини моҳи сентябри соли 2022 дар марз бо Тоҷикистон ба таври фаъолона аз ҳавопаймоҳои бесарнишини аз Туркия харидааш истифода бурд. Аз ҷумла рзи 18 сентябри соли гузашта 25 сокини мулкии деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон, ки дар биноҳои мактаб ва масҷиди ин деҳа паноҳ бурда буданд, маҳз дар натиҷаи ҳамлаҳои дронҳои туркии тамғаи “Байрақдор ТБ” кушта шуданд.

Дар умум, бо 120 кушта (36 нафар  – аз ҷониби Қирғизистон ва беш аз 80 нафар – аз тарафи Тоҷикистон) ва беш аз 400 захмӣ, муноқишаи моҳи сентябри соли 2022 хунинтарин ҷанг дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказии пасошӯравӣ дониста мешавад.

Баъди ин муноқиша, корбарони тоҷик роҳбарони ниҳодҳои ҳарбии Тоҷикистонро ба боди интиқод кашида, гуфтанд, дар ҳоле ки Қирғизистон иқтидори ҳарбиашро бо харидории силоҳҳои навтарин, аз ҷумла паҳподҳои муосир таҳким мебахшад, генералҳои тоҷик ҳеҷ аз харидани “Гелленваген” ва дигар мошинҳои гаронбаҳо барои савории худ сер намешаванд. “Гелленваген”, албатта, барои саворӣ мошини роҳату люкс аст, вале, мутаассифона, барои ҳимоят аз марзу буми кишвар кор намеояд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад