Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз шароиташон дар Екатеринбурги Русия

Беш аз 20 муҳоҷири тоҷик, ки дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Екатеринбурги Русия нигаҳдорӣ мешаванд, аз шароити баду ғайриқобили зист шикоят карданд.

Беш аз 20 муҳоҷири тоҷик, ки дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Екатеринбурги Русия нигаҳдорӣ мешаванд, аз шароити баду ғайриқобили зист шикоят карданд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ба муҳоҷирон барои бозгашт ба ватан кумак мекунанд.

Ин гурӯҳи муҳоҷирон рӯзи 30-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 21 рӯз пеш онҳоро боздошт карданд ва барои нақзи қоидаҳои буду бош ду ҳазор рублӣ ҷарима карданд.

Муҳоҷирони боздоштшуда мегӯянд, қарори ихроҷи онҳо содир шудааст, вале маълум нест, кай онҳоро ба ватан мефиристанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, шароити зист, маводи ғизоӣ ба ҳаде бад аст, ки аллакай аксарашон бемор шудаанд.

Як тан аз муҳоҷирони боздоштшуда, ки бо далели бехатариаш нахост номаш зикр шавад гуфт:

“Мо розием, ки аз ҳисоби худамон чипта гирифта ба ватан равем, вале ба мо чунин имконият намедиҳанд”.

Мақомоти Русия боздошти муҳоҷиронро шарҳ надодаанд.

Ёқубҷон Умаров, муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург рӯзи 30-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта аз вазъи муҳоҷирон дар як боздоштгоҳи дигари ин шаҳр шинос шудааст.

Вай гуфт, дар ин боздоштгоҳ наздик ба 50 муҳоҷири тоҷик нигоҳ дошта мешавад.

Вай гуфтт:

“Тибқи қонун пас аз қарори ихроҷ бояд он давоми 10 рӯзи корӣ амалӣ карда шавад. Яъне, давоми даҳ рӯз агар муҳоҷирон розӣ набошанд, аз болои он шикоят мекунанд. Лекин ин ҳам маънои онро надорад, ки расо даҳ рӯз пас ихроҷ мекунанд. Гоҳо расмиётҳои дигар дорад, ки вақт дарозтар мешавад”.

Ин фаъоли ҷамъиятӣ гуфт, ки ба муҳоҷирон кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд.

Ёқубҷон Умаров гуфт:

“Мисол, мо меравем, ки шаҳрванд бемор аст. Шояд дар дасташ коғази бемориаш аст, вале нишон надодааст. Ҳаст, шаҳрванде, ки ҳомила ҳаст, вале дар додгоҳ нагуфтааст. Дар ин ҳолат бояд зудтар ба ватан равон карда шавад ё шароиташро дигар кунанд. Ҳолате ҳаст, ки шаҳрванд қонунро вайрон накардааст. Ба мо мегӯяд, ки ҳама ҳуҷҷатҳоям ҳаст, вале ҳамон рӯзи боздошт дар дастам набуд. Дар ин ҳолат додгоҳ аз сар мебинад ва аз онҷо ҷавобаш медиҳанд. Чунин ҳолатҳо ҳам буд. Мо дар чунин ҳолатҳо кушиш мекунем, ки кумаки ҳуқуқӣ расонем”.

Солона садҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия боздошт ва ба ватан ихроҷ мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муҳоҷирон дар Русия зери фишор қарор доранд ва мақомоти рус бо онҳо муносибати дуруст намекунанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Перми Русия гуфтанд, маъмурони пулис рӯзи 29-уми сентябр онҳоро дар бозори мева латукӯб ва таҳқир кардаанд. Шикоятҳои ба ин монанд аз Маскав ҳам расид. Мақомот вазъиятро шарҳ надодаанд.

Ба гуфтаи яке аз муҳоҷирони шоҳиди ҳодиса, маъмурони пулис рӯзи 29-уми сентябр ва баъд аз намози ҷумъа ба ҷойи корашон ба бозори мева даромада, чанд нафарро боздошт ва латукӯб карданд.

Дар наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, се маъмури милиса бо либосҳои вижа муҳоҷиронро ба замин хобондаанд. Дар навор садои электрошокер ҳам шунида мешавад. Муҳоҷирон аз тарси боздошт нашудан, ҳодисаро то охир сабт накардаанд.

Муаллифи навор ба шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми октябр гуфт, “муҳоҷиронро бо мошинҳо савор карда, нимашонро дар ҷангал фароварда, таҳқир карданд. Онҳое, ки хостанд ҳодисаро ба навор гиранд, латукӯб шуданд, нагузоштанд сабт кунем.”

Айни навори латукӯби муҳоҷирон аз шаҳри Маскав ҳам ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Дар видео дида мешавад, ки се корманди пулис як нафарро зӯран ба замин хобонда, қасди боздошти ӯро доранд. Муаллифи навор гуфт, ҳодиса дар назди яке аз метроҳои Маскав иттифоқ афтод.

“Баҳс бар сари тафтиши санадҳо сар зад ва муҳоҷир нахост, ки ӯро ба идораи пулис баранд,” — нақл кард ҳамсуҳбати мо. Дар навор муҳоҷир хитоб ба маъмурони пулис ва бо забони русӣ мегӯяд, ки “шумо чӣ кор мекунед, чаро дастони маро мебандед?”

Бадрафторӣ нисбат ба муҳоҷирон дар Русия ҳодисаи нав нест. Чунин шикоятҳо дар моҳҳои май ва июни имсол якбора зиёд шуд.

Аз ҷумла, навори латукӯб ва боздошти муҳоҷирон дар як майдони варзишӣ дар моҳи май вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Як шикояти муҳоҷирон ин аст, ки кормандони пулиси Русия бисёр вақт бидуни сабаби дақиқ муҳоҷиронро тафтиш ва таҳқир мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонунгузории Русия мушаххас кардааст, ки пулис дар кадом ҳолат ҳақ дорад, санадҳои шаҳрванд аз ҷумла муҳоҷиронро тафтиш кунад.

Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, гуфт, дар ин ҳолатҳо пулиси Русия ҳақ дорад, санади муҳоҷиронро тафтиш кунад: “Агар дар бораи содир шудани ҷиноят маълумот дошта бошад. Масалан ягон шахси қадбаланд ҷиноят карду гурехт, пулис метавонад ҳар шахси қадбаландро нигоҳ дошта, ҳуҷҷаташро тафтиш намояд. Ҳангоми будани далел, ки шахс дар кофтукоб аст. Ҳангоми содир кардани қонунвайронкунии маъмурӣ. Агар амалиёти махсус барои тафтиши будубоши муҳоҷирон оғоз шуда бошад.”

Сарфи назар аз нигарониҳои муҳоҷирон ва ҳам мақомоти Тоҷикистон, ҳеч яке аз ин ҳодисаҳо ё таҳқиқ нашудаанд ё ҳадди ақал дар бораи ҷазо гирифтани маъмурони пулис хабаре нашр нашуд. Вазъе, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, боиси зиёдтар шудани чунин бадрафториҳо мешавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад