Ҳудуди 40% аз кушташудагон дар навори Ғазза кӯдаконанд

Коршиносони байналмилалӣ бар ин назаранд, 40% аз кушташудагон дар пайи бомбандозиҳои Исроил дар навори Ғаззаро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Коршиносони байналмилалӣ бар ин назаранд, 40% аз кушташудагон дар пайи бомбандозиҳои Исроил дар навори Ғаззаро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Ба гузориши манбаъ:

Тайи се ҳафтаи даргириҳо дар навори Ғазза нисбат ба даргириҳои мусаллаҳона дар саросари ҷаҳон аз соли 2019 бештар кӯдакон кушта шудаанд.

Дар ин бора РИА “Новости” бо истинод ба созмони байналмилалии хайрияи Save the Children хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ин созмон, тайи 17 рӯзи ахир дар навори Ғазза дастикам ду ҳазор ва дар соҳили Ғарб 27 кӯдак ба ҳалокат расидаанд.

Мудири созмони Фаластини Наҷоти кӯдакон Ҷейсон Ли хостори оташбаси фаврӣ шуд.

Дар изҳорот дар вебсайти ин созмон гуфта мешавад:

“Теъдоди кӯдаконе, ки дар тӯли ҳамагӣ се ҳафта дар навори Ғазза кушта шудаанд, аз шумори кӯдаконе, ки дар даргириҳои мусаллаҳона дар саросари ҷаҳон, дар беш аз 20 кишвари ҷаҳон дар як соли тамом аз соли 2019 ба ҳалокат расидаанд, бештар аст”.

Созмони Наҷоти кӯдакон тахмин мезанад, ки аз 7703 нафари кушташуда дар навори Ғазза беш аз 40%-ро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Ин созмон ҳамчунин таъкид кардааст, ки теъдоди қурбониёни кӯдакон метавонад бештар бошад, зеро дар Ғазза 1000 кӯдаки дигар бедарак шудаанд ва мумкин аст дар зери харобаҳо монда бошанд.

“Наҷоти кӯдакон” гуфтааст: “Рақамҳо даҳшатоваранд, аммо хушунат дар навори Ғазза… шиддат мегирад ва кӯдакони зиёдеро зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳанд”,- мегӯяд Ҷейсон Ли, мудири созмони “Наҷоти кӯдакон” дар Фаластин.

Теъдоди қурбониёни навори Ғазза, ба гуфтаи вазорати тандурустии Фаластин, аз 8 ҳазор нафар гузашт, ки нисфи онҳо кӯдакон буда, беш аз 18 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳамчунин дар хабарҳо омадааст:

Сандӯқи байналмилалии ҳимоят аз кӯдакони СММ бо ишора ба буҳрони Ғазза таъкид кард, ки вазъияти кӯдакони Ғазза ваҳшатноку омори кушта шудагони кӯдак фоҷеаст.

Сухангӯии ин созмони вобаста ба СММ дар мусоҳиба бо хабаргузории Ал-ҷазира, хостори ҳифозат аз бемористонҳои Ғазза ва эҷоди кридурҳои башардӯстонаи амн шуд.

Дар пайи бомбаборони бемористонҳои Ғазза аз сӯи режими саҳюнистӣ, ҷабҳаи муқовимати Ҳамос аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз бемористонҳои Ғазза дархост кард.

Бинобар гузориши шабакаи Ал-ҷазира, Ҳамос афзуд, ки дархости режими ишғолгар барои тахлияи бемористони Ал-қудс ва бомбаборони сохтимонҳои атрофи он муқаддамае барои даст задан ба ҷинояти ҷадидест, ки ҷони 14 ҳазор овораро таҳдид мекунад.

Бинобар оморҳои Вазорати тандурустии Фаластин, шумори шуҳадои Ғазза дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ беш аз 8 ҳазор нафар аст, ки бисёре аз онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

Тибқи бархе оморҳо, то кунун беш аз 3000 нафар кӯдак ба дасти режими саҳюнистӣ кушта шудаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад