Имзои Мирзиёев ба страиегияи “Узбакистон –2030”

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон стратегияи “Узбакистон – 2030”-ро тасвиб кард.

Раисҷумҳур Узбакистон дар иқдоме роҳбурдҳои калони ин кишвар дар арсаҳои мухталиф бо унвони “Узбакистон –2030”-ро тасвиб кард.

Ин санад бар асоси натоиҷи назархоҳиҳои умумӣ, идаҳои аслиро мунъакис мекунад. Аз ҷумла ин санад пайвастани Узбакистон ба саффи кишварҳои бо даромади болотар аз ҳадди мутавассит ​​аз тариқи тавсеаи иқтисодии пойдор, эҷоди низоми омӯзишӣ, пизишкӣ ва ҳимояти иҷтимоӣ, ки бо ниёзҳои мардум ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқати комил дорад, дар назар дорад.

Ин санад ҳамчунин эҷоди шароити мусоиди зистӣ барои мардум, сохтани як кишвари озод ва муосир, таъмини ҳаққи ҳокимият ва амнияти кишварро дар назар дорад.

Маркази “стратегия тавсеа” бо ҳамкории Вазорати тавсеаи диҷитол як пуртоли онлайн барои мардум ҷиҳати арзёбии мизони иҷрои стратегия роҳандозӣ хоҳад кард.

Аз ҷумла аҳдофи мутааддиди ин стратегия метавон ба сохтани кишвари мураффаҳ, тарбияти наслҳои таҳсилкарда ва тавсеаёфта аз назари маънавӣ, шаклгирии иқтисоди қавӣ ва ҳамчунин таъмини тазминшудаи адолат, авлавияти қонун, амният ва субот ишора кард.

Абдуллоҳ Орипов, нахуствазири Узбакистон раёсати комиссияи иҷроии стратегияи “Узбакистон – 2030”-ро бар ӯҳда дорад. Ин комиссия дар ҳар шаш моҳ гузоришҳоеро дар мавриди иҷрои ин санад дар ихтиёри раисҷумҳур қарор медиҳад.

Нахустин стратегияи иқдомот дар мавриди 5 абъоди тавсеаи кишвар барои 5 сол (2017 ва 2021) дар соли 2017 ба тасвиб расидааст. Дар оғози соли 2022 раисҷумҳури стратегияи тавсеаи Узбакистони ҷадид то соли 2026-ро тасвиб кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад