Ҷунбиши Ҳамос изҳороти Гутерриш дар бораи муқовиматро маҳкум кард

Ҷунбиши муқовимати Исломии Фаластин (Ҳамос) изҳороти "Антонио Гутерриш", дабири кулли Созмони Милал дар бораи муқовимати Фаластинро маҳкум кард ва гуфт, ки хушунат ва терроризм ду вожае аст, ки бар режими Исроил мунтабиқ аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҷунбиши муқовимати Исломии Фаластин (Ҳамос) ба изҳороти Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал вокуниш нишон дод ва онро маҳкум кард.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал дар изҳороти ҷадиди худ муқовамати миллати Фаластинро хушунатомез хонда буд.

Дар баёниае ҷунбиши Ҳамос омадааст, ки чунин тавсифе ба ҳеҷ ваҷҳ шоистаи яке аз ҳуқуқи аслии инсонҳо, яъне ҳаққи дифои машрӯъ аз худ дар баробари таҷовуз ва ишғолгарӣ нест.

Ҷунбиши Ҳамос таъкид кард, муқовимати миллати Фаластин иқдоме комилан машрӯъ ва тибқи қавонин ва урфи байналмилалӣ аст. Ҳамос афзуд: миллати Фаластин то берун рондани комили ишғолгарон аз сарзамини худ, аз муқовимат чашм пӯшӣ нахоҳад кард, миллате, ки ҳамчунон дар баробари режими ишғолгарон ва иқдомоти яҳудисозии онҳо истодагӣ мекунад.

Ҳамос изҳор дошт, ки хушунат ва терроризм ду вожае аст, ки комилан бар иқдомоти режими саҳюнистӣ ва шаҳракнишинони саҳюнисти ҷинояткор мунтабиқ аст.

Ҷунбиши муқовимати Исломии Фаластин афзуд: режими палиди саҳюнистӣ ва шаҳракнишинони ҷинояткор масъули ноамнӣ ва даргириҳо дар арозии ишғолӣ ҳастанд ва миллати Фаластинро аз ҳуқуқи миллии худ маҳрум кардаанд.

Ҷунбиши Ҳамос дар поён Созмони Милал ва дабири кулли онро ба ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Фаластин ва маҳкумияти ҷиноёти ишғолгарони режими ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи ин миллат ва бозхости сарони ҷинояткор он ба сабаби ин ҷиноёт фарохонд то миллати Фаластин битавонад ба истиқлол ва озодӣ даст ёбад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад