Маскав: умеди Вашингтон ба фурӯпошии иқтисоди Русия бефоида аст

 Сафири Русия дар Амрико мегӯяд, ки Вашингтон аз сари ноумедӣ ё таваҳҳум, роҳҳои ҷадид барои нобудии иқтисоди Русия ибдоъ мекунад, аммо ҳамаи ин талошҳо беҳосил аст.

Сафири Маскав дар Вашингтон мегӯяд, ки Вашингтон иқтисоди Русияро бо таҳрим ҳадаф гирифтааст, аммо ҳамаи ин талошҳо беҳосил аст.

Анатоли Антонов Сафири Русия дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ки Вашингтон аз сари ноумедӣ ё таваҳҳум, роҳҳои ҷадид барои нобудии иқтисоди Русия ибдоъ мекунад, аммо ҳамаи ин талошҳо беҳосил аст.

Ба нақл аз ТАСС, Анатоли Антонов, сафири Русия дар Амрико бо ишора ба мавҷи ҷадиди таҳримҳои зидди Русия, таъкид кард, ки Амрико барои тахриби иқтисоди Русия даст ба ҳар коре мезанад, аммо ҳеҷ кадом аз ин иқдомот, роҳ ба ҷое намебарад.

Антонов дар канали телеграми сафорати Русия навишт: Вашингтон як бори дигар талошҳои бесамари худ барои тахриби иқтисоди Русияро ташдид кардааст. Хоҳ аз сари ноумедӣ ё ба хотири таваҳҳум, мақомоти ин кишвар бо шӯру ҳаяҷон равишҳои ҷадиде барои зарба задан ба кишвари мо ибдоъ мекунанд.

Дипломати аршади русӣ таъкид кард, ки Маскав ҳамин ҳоло низ «таҳти ҳазорони таҳрими ғайриқонунии яктарафа аст» , ки ба бовари ӯ, ҳеҷкадом аз ин таҳримҳо дар фурӯпошии иқтисоди Русия муваффақ набудаанд.

Вай тасреҳ кард: интибоқпазирии сареъи Русия бо воқеятҳои ҷадид, бадхоҳони моро озор медиҳад. Натанҳо аз баровардҳои кунунии андешкда «Бротон Вудз», балки тахминҳои ояндаи ин андикшуда ҳам, муҳри таъйиде бар нороҳатӣ ва норизоятии давлати Амрико аст. Ҳатто хабарнигорон ва рӯзноманигорони наздик ба Кохи сафед ҳам изъон доранд, ки иқтисоди Русия ба рағми ҳамалоти барқосо, устувор рӯйи пойи худ истода ва ин масъала боиси ноумедии Вашингтон аст.

Анатоли Антонов дар идома гуфт, ки Русия «ҳаргиз даст аз дифоъ аз манофеи миллии худ барнахоҳад дошт ва дар айни ҳол, қотеона ба усули баробарӣ ва тафкикнопазирии амният дар равобити байналмилал пойбанд аст. Вашингтон хеле вақт аст, ки ба ин натиҷа расидааст, ки ҳалқаи таҳримҳо роҳ ба ҷое нахоҳад бурд.»

Амрико рӯзи панҷшанбе таҳримҳои худ алайҳи Русияро ташдид кард ва ҳудуди 70 фард ва яксад ширкати русро ба феҳристи сиёҳи худ афзуд. Бар асоси эълони давлати Амрико, таҳримҳои ҷадиди муассисаҳои молӣ, саноеи дифоъӣ ва афроди пурнуфузи муртабит бо ин ду бахшро ҳадаф гирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад