Ҳушдори мудири М.Т.С Тоҷикистон аз таҷзияи Афғонистон

Мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон вазъияти феълӣ дар Афғонистон ва дурнамою паёмадҳои онро тавзеҳ дод.

Мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон вазъияти феълӣ дар Афғонистон ва дурнамою паёмадҳои онро тавзеҳ дод.

Буҳрони феълии ҷаҳонӣ ихтилофоти мавҷудаи дохилии Афғонистонро боз ҳам ваҳимтар сохта, бо дахолати доираҳои берунӣ эҳтимоли таҷзияи кишварро дар байни гурӯҳҳои низомию сиёсӣ дар пай дорад.

Ин нуктаро нашрияи ҳукумати Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” аз қавли мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, Хайриддин Усмонзода нашр кардаст.

Ба гуфтаи ӯ, шиддат гирифтани ихтилофоти дохилӣ ва эҷоди ноамниҳои Афғонистон метавонад пайомадҳои манфиро барои кишварҳои Осиёи Миёна дошта бошад.

Тоҷикистон бо дарки масъулият дар таъмини амнияти минтақавӣ вазъиятро таҳти назорат қарор додааст, таъкид намудаст Усмонзода.

Вай аз ҷумла яке аз пешниҳодҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт зикр намудаст, ки он ташкили “камарбанди амниятӣ” дар атрофи сарҳадоти муштараки минтақавӣ бо Афғонистон аст.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳушдор додаст :

“Зеро Афғонистон кишваре мебошад, ки бесуботӣ дар он ба тамоми давлатҳои минтақа ва фаротар аз он таҳдид мекунад”.

Ин ҳушдор дар ҳолеянд, ки созмону марказҳои мухталиф аз таҷаммӯи ҷангиёни гуруҳҳои гуногуни террористӣ дар ин кишвар ҳушдор медиҳанд.

Аз ҷумла ба иттилои СММ имкони ба лонаи террористон табдил ёфтани Афғонистон мавҷуд аст, зеро ба ҷуз аз “Ал-Қоида”* ва ДИИШ*, ҳоло дар Афғонистон гурӯҳҳои дигари террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ арзи ҳастӣ кардаанд.

Дар ин феҳраст созмони террористӣ, аз қабили Таҳрики толибони Покистон*, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ*, Гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ*, Хатиба Имом ал-Бухорӣ*, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон*, “Ҳизб-ут-таҳрир”*, “Ансоруллоҳ”* зикр шудаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон гуфт, ҳимоят аз ДИИШ дар Афғонистон танҳо бо ҳадафи дур кардани Русия аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад.

Кобулов дар матлаби худ, ки барои рӯзномаи “Низависима” навиштааст, Амрико ва Бритониёро ҳомии пойгоҳҳои бахши афғонии ин ташкилоти террористӣ донистааст.

Вай илова кардааст, ҳимоят ва кумак ба ДИИШ аз суи ду кишвари мазкур дар ҳоле аст, ки раҳбарони Толибон бо ҳавопаймоҳои бесарниши Амрико ва Бритониё таҳдид мешаванд.

“Амрикоиҳо якҷо бо шарикони бритониёии худ талош доранд, мавқеъ ва иқтидори харобиовари гурӯҳи афғонистонии ДОИШ-ро, ки василаи фишор ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ аст, таҳким бахшанд”,-афзудааст Кабулов.

Вай таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида бо таҳдиди ҳамла бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва шантажи ошкоро раҳбарони толибонро ташвиқ мекунад, ки худро аз Русия ва Чин дур кунанд.

Кабулов таъкид кард, ки барои онки ин тадбирҳо “дастгирии васеи байналмилалӣ” дошта бошанд, “тамосҳо”-и Иёлоти Муттаҳида ва “шарикони итоаткор”-и онҳо давра ба давра баргузор мешаванд.

Ӯ мегӯяд, расонаҳои ғаразноки ғарбӣ, ки бархе аз ҳаммаслакони русашон аз ҷумлаи коршиносони “диван”-и масоили Афғонистонро таҳлил мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ аз ин сарзамини ранҷдида дидан накардаанд, ба онҳо пайвастаанд ва ба кумаки молии соҳибони хориҷиашон умед мебанданд.

Изҳороти Кабулов дар ҳолест, ки қаблан мақомоти амниятӣ ва президенти Тоҷикистон низ аз интиқоли гуруҳҳои террористӣ ба шимоли Афғонистон, ки бо ҷумҳурӣ марзи дарози муштарак дорад, изҳори нигаронӣ карданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад