Афзоиши воридоти сухт ба кишвар дар соли ҷорӣ

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши воридоти сухт ба ин кишвар дар 9 моҳи соли ҷорӣ хабар доданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши воридоти сухт ба ин кишвар дар 9 моҳи соли ҷорӣ хабар доданд.

Ба гузориши манбаъ : 

Дар 9 моҳи соли 2022 беш аз 558 ҳазор тонна фаровардаҳои нефти ба арзиши ҳудуди 486 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид шуда аст.

Бар асоси амори идораи гумруки Тоҷикистон воридоти сухт ба ин кишвар аз назари ҳаҷми беш аз 24 дарсад ва аз назари нархи 1.7 баробар нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта афзоиш ёфта аст.

Ҳаҷми фуруши фаровардаҳои нефти дар Тоҷикистон тайи 9 моҳ беш аз 7.4 миллард сомонӣ баровурд шуда аст.

Ба таври кулли бар асоси додаҳои омори бозори фаровардаҳои нефтии Тоҷикистон ҳамчунон ба воридот вобаста аст ва саҳми тавлиди дохили бисёр ночиз аст.

Ҳамчунин бар асоси омори расми дар 9 моҳи имсол беш аз 19 ҳазор тонна фаровардаи нефти дар Тоҷикистон тавлид шуда аст.

Ин кишвар сухтро бештар аз Қазоқистон ва Русия ворид мекунад.

Фароз, Газпром, Сеганҷ, Суғд нефт, Роҳи Сомон аз ҷумла муҳимтарин ширкатҳои воридкунандаи сухт ба Тоҷикистон ҳастанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Арзиши ҳама намуд маводи сӯхт дар навоҳии Тоҷикистон баланд шудааст.

Поёнравии нархи гази моеъ, ки як ҳафта қабл шурӯъ шуда буд, дер давом накард, баръакс имрӯзҳо дар НФС-ҳои кишвар боз болоравии нархи тамоми маводи сӯхт мушоҳида мешавад.

Бино ба тоблӯҳое, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар навоҳии Суғд мураттаб намудаанд, арзиши як литр бензин АИ 92 – 10, 7 сомонӣ, АИ 95 – 11, 2 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ (солярка) ба 10, 9 сомонӣ баробар шудааст. Дар муқоиса ба як ҳафтаи қабл нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ як бора 40 дирам дакка хурдааст.

Дар ин миён нархи гази моеъ ҳам якбора то 20 дирам боло рафта 6,3 сомонӣ муқаррар шудааст.

Болоравии нархи маводи сӯхт дар дигар манотиқи кишвар аз ҷумла шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ мушоҳида мешавад.

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз навоҳии шаҳри Душанбе гуфтанд, ки ҳоло қиммати бензини АИ 92 ва АИ 95 то ба 10, 8 – 11, 4 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ҳам ба 11 – сомонӣ баробар шудааст. Нархи гази моеъ низ ба 6, 4 сомонӣ афзудааст.

Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш қимати фурӯши бензини АИ 92 – 10, 4 ва АИ 95 -10, 9 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 10, 6 сомонӣ ва нархи гази моеъ 6, 2 сомонӣ буд.

Зимнан масъулони ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт сабаби тағйирёбии нархро расман шарҳ намедиҳанд.

Баъзе коршиносон умури иқтисодӣ сабаби тағйирёбии нархро ба таъсири авзоъ миёни Русияву Украина марбут медонанд.

Умар Ҳамроев, як коршиноси мустақил мегуяд, ҳарчанд майдони ҷанг аз Тоҷикистон дар масофаи беш аз 3 ҳазор километр дур аст, вале таъсири он ба таври аёну ноаён мерасад.

Коршинос гуфт :

“Маводи сӯхт ба кишвари мо одатан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад ва табиист, ки бо асъори хориҷӣ. Ҳоло қурби доллар боло рафтааст ва ин ба нархи воридоти бор бетаъсир намемонад”.

Бархеи дигари коршиносон сабаби тағйирёбии нархро аз гароншавии арзиши нафту газ дар бозорҳои аврупо ва ҷаҳонӣ медонанд.

Оғози соли гузашта дар нуқтаҳои чаканафурӯшӣ қимати як литр гази моеъ ба 4,2 сомонӣ, бензин навъи АИ 92 ва сӯзишвории дизелӣ ба 6,5 сомонӣ баробар буд.

Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бештар аз 60 дарсади воситаи нақлиёт тавассути гази моеъ ҳаракат мекунанд ва ронандаҳо сабаби инро ба вазъи иқтисодӣ рабт дода мегӯянд, ки ин навъ маводи сӯхт нисбат ба бензин арзонтар аст.

Дар ҳамин ҳол аксари сокинон изҳор мекунанд, ки болоравии нарх ба ҷайби онҳо зарба мезанад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад