Амрико ва Инглис аз ДИИШ дар Афғонистон ҳимоят мекунанд

Фиристодаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, ду кишвари Амрико ва Инглистон шохаи афғонии гуруҳи террористии ДИИШ-ро ҳимоят мекунанд.

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон гуфт, ҳимоят аз ДИИШ дар Афғонистон танҳо бо ҳадафи дур кардани Русия аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад.

Кобулов дар матлаби худ, ки барои рӯзномаи “Низависима” навиштааст, Амрико ва Бритониёро ҳомии пойгоҳҳои бахши афғонии ин ташкилоти террористӣ донистааст.

Вай илова кардааст, ҳимоят ва кумак ба ДИИШ аз суи ду кишвари мазкур дар ҳоле аст, ки раҳбарони Толибон бо ҳавопаймоҳои бесарниши Амрико ва Бритониё таҳдид мешаванд.

“Амрикоиҳо якҷо бо шарикони бритониёии худ талош доранд, мавқеъ ва иқтидори харобиовари гурӯҳи афғонистонии ДОИШ-ро, ки василаи фишор ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ аст, таҳким бахшанд”,-афзудааст Кабулов.

Вай таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида бо таҳдиди ҳамла бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва шантажи ошкоро раҳбарони толибонро ташвиқ мекунад, ки худро аз Русия ва Чин дур кунанд.

Кабулов таъкид кард, ки барои онки ин тадбирҳо “дастгирии васеи байналмилалӣ” дошта бошанд, “тамосҳо”-и Иёлоти Муттаҳида ва “шарикони итоаткор”-и онҳо давра ба давра баргузор мешаванд.

Ӯ мегӯяд, расонаҳои ғаразноки ғарбӣ, ки бархе аз ҳаммаслакони русашон аз ҷумлаи коршиносони “диван”-и масоили Афғонистонро таҳлил мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ аз ин сарзамини ранҷдида дидан накардаанд, ба онҳо пайвастаанд ва ба кумаки молии соҳибони хориҷиашон умед мебанданд.

Изҳороти Кабулов дар ҳолест, ки қаблан мақомоти амниятӣ ва президенти Тоҷикистон низ аз интиқоли гуруҳҳои террористӣ ба шимоли Афғонистон, ки бо ҷумҳурӣ марзи дарози муштарак дорад, изҳори нигаронӣ карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад