Ҳаҷи имсол ҳаҷи бароат аз душмани ҷинояткори саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш аст

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз, дар дидори масъулон ва коргузорони ҳаҷ ва ҷамъе аз зоирони Байтуллоҳилҳаром, зикри Парвардигор ва «ваҳдату иртиботи мусулмонон»-ро ду унсури бисёр муҳими маънавӣ ва иҷтимоии фаризаи ҳаҷ хонд ва бо ишора ба ҳодисаи азими Ғазза ва ҷиноятҳои режими хӯношоми саҳюнистӣ гуфт: Ҳаҷи имсол дар партави оёти Қуръони Карим ва ёду номи мубораки ҳазрати Иброҳим (а), бояд фаротар аз ҳар сол, ҳаҷи бароату безорӣ аз ин душмани ҷинояткори мусулмонон ва ҳомиёни он бошад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳаҷро дар ҷанбаи моддӣ ва маънавӣ, фаризаи чандбуъдӣ баршумурд ва афзуд: Дар баъди дарунӣ ва ботинӣ зикри Парвардигор ба унвони «маншаи ҳақиқии зиндагӣ ва азму ирода ва тасмимгириҳои фардӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ», нуктаи барҷастаи ҳамаи мароҳилу мавоқифи ҳаҷ аст.

Ишон дар ҳамин замина ба зоирони Байтуллоҳ таъкид кард: Дар ҳаҷ ба мавориде диққат кунед, ки дар ҳеҷ ҷои дигар нест, монанди Каъба, Масҷидулҳаром ва тавофу зиёрати Набии Акрам (с), вагарна бозор ва мол дар ҳама ҷо ҳаст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ нуктаи барҷастаи буъди иҷтимои ҳаҷро ваҳдату иртиботи мусулмонон бо якдигар баршумурд ва гуфт: Фалсафаи даъвати илоҳӣ аз ҳамаи мардум барои ҳузур дар макони мушаххас ва дар айёми муайян, ошноии мусулмонон бо якдигар ва ҳамфикрӣ ва тасмимгирии муштарак аст то натоиҷи муборак ва айнии ҳаҷ насиби олами Ислом ва ҳамаи башарият шавад, ки акнун дунёи Ислом дар заминаи тасмимгирии муштарак хеле бузурге дорад.

Ишон нодида гирифтани тафовутҳои миллиятӣ, мазҳабӣ ва қавмиро муқаддимаи лозими ваҳдат донист ва афзуд: Иҷтимои азим, якдаст ва якшакли пайравони ҳамаи мазоҳибу фирақи исломӣ аз ҳамаи миллиятҳо намуди барҷастаи ваҷҳи сиёсӣ-иҷтимоии ҳаҷ аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: Албатта зарурати гузар аз тафовутҳо ва масоили тафриқаангез махсуси ҳаҷ нест ва дар оёти зиёди Қуръон бар ваҳдату ҳамдилии мусулмонони таъкид шудааст.

Ишон бо ишора ба ин ки фаризаи ҳаҷ бояд саршор аз номи мубораки ҳазрати Иброҳим ва таолими он паёмбари бузург бошад, бароат ва безорӣ аз душманони дини Худоро аз ҷумлаи таолими арзишманди иброҳимӣ хонд ва гуфт: Аз ибтидои пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, бароат як рукни ҷорӣ дар ҳаҷ будааст, аммо имсол ва бо тавваҷуҳ ба ҳаводиси азиму аҷиби Ғазза, ки беш аз ҳамеша чеҳраи хӯношоми маҷмуае бархоста аз тамаддуни ғарбиро ошкор кардааст, ҳаҷи имсол ба сурати хос ҳаҷи бароат аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳаводиси кунунии Ғаззаро меъёри мондагор барои таърих донист ва афзуд: Ҳамлаҳои ваҳшиёнаи саги ҳори саҳюнистӣ аз як тараф ва муқовимату мазлумияти мардуми Ғазза аз тарафи дигар дар таърих мемонад ва роҳро ба башарият нишон медиҳад, ки бозтоби шигифтангез ва бесобиқаи он дар ҷавомеи ғайримусулмон ва донишгоҳҳои Амрико ва баъзе кишварҳои дигар, аз нишонаҳои ин таърихсозӣ ва шохиссозист.

Ишон дар табйини вазифаи уммати исломӣ дар баробари фаҷоеи Ғазза дар фурсати ҳаҷи иброҳимӣ, ба намунаҳои зиёди қуръонӣ аз сираи ҳазрати Иброҳӣм (а) ишора кард ва гуфт: Ҳазрати Иброҳӣм (а) ҷузви паёмбаронест, ки дили рауф ва бисёр меҳрубоне дорад, аммо ҳамин паёмбари илоҳӣ дар муқобили душманони золиму ситезагар ба шиддат изҳори бароат ва ба сароҳат эъломи душманӣ мекунад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба оёти қуръонӣ, ки дӯстӣ бо душманони ситамгарро ҳам комилан наҳй мекунад, режими саҳюнистиро мисдоқи комили душманӣ бо мусулмонон ва Амрикоро ҳамдасти ин режим хонд ва афзуд: Агар кумаки Амрико набуд, оё режими саҳюнистӣ қудрату ҷуръати ин рафтори ваҳшиёна бо мардуми мусулмону занону кӯдаконро дошт? Омили қатли мусулмонону овора кардани онҳо ва пуштибони он, ҳар ду золим ҳастанд ва тибқи сареҳи Қуръон агар касе бо онҳо дасти дӯстӣ бидиҳад, ӯ низ золиму ситамгар ва машмули лаънати Худованд аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо тавваҷуҳ ба шароити кунунии ҷаҳони Ислом, рӯйкарди иброҳимӣ ба ҳаҷ яъне бароати ошкор дар муқобили душманонро заруритар аз ҳамеша хонд ва гуфт: Бар ин асос ҳоҷиёни эронӣ ва ғайри эронӣ бояд битавонанд мантиқи қуръонӣ дар пуштибонӣ аз миллати Фаластинро ба ҳамаи дунёи Ислом бирасонанд.

Ишон афзуд: Албатта Ҷумҳурии Исломии Эрон мунтазири дигарон намонда ва намемонад, аммо агар дастҳои қавии миллатҳо ва давлатҳои исломӣ ба кумак ва ҳамроҳӣ бияёд, ҳолати риққатбори миллати Фаластин идома пайдо нахоҳад кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ташаккур аз хидматҳо ва фаъолиятҳои баъса ва созмони ҳаҷ ва дигар дастгоҳҳои хидматрасон дар баргузории ҳаҷ, хитоб ба онон гуфт: Барои осоиши ҳуҷҷоҷи эронӣ ва анҷоми ҳаҷи мабруру мақбул ба гунае барномарезӣ кунед, ки фосила байни вазъи мавҷуду матлуб бартараф шавад.

Дар ибтидои ин дидор, ҳуҷҷатулислом валмуслимин сайид Абдулфаттоҳи Наввоб намояндаи валии фақеҳ дар умури ҳаҷ ва зиёрат ва сарпарасти ҳуҷҷоҷи эронӣ дар суханоне, шиори ҳаҷи имсолро «ҳаҷ, қуръонмеҳварӣ, ҳамдилӣ ва иқтидори уммати исломӣ ва дифоъ аз Фаластини мазлум» хонд ва гуфт: Ҳаҷи иброҳимӣ бистаре барои таълими худсозӣ ва ҳамчунин мубориза бо тавоғити берунӣ ва дифоъ аз мазлумон аст. Ба гуфтаи ишон имсол 87500 нафар ба зиёрати ҳаҷ мушарраф хоҳанд шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад