Маскав мизбони нишасти раисони сервисҳои амниятӣ ва иттилоотии Ҳамсуд

 Маркази хадамоти иттилооти хориҷии Русия аз баргузории ҳабдаҳумин нишасти раисони сервисҳои амниятӣ ва иттилоотии кишварҳои Ҳамсуд дар Маскав хабар дод.

Маркази хадамоти иттилооти хориҷии Русия аз баргузории ҳабдаҳумин нишасти раисони сервисҳои амниятӣ ва иттилоотии кишварҳои Ҳамсуд дар Маскав хабар дод.

Дар иттилоияи Хадамоти иттилооти хориҷии Русия дар ин маврид омадааст: «30 сентябр дар шаҳри Маскав ҳафдаҳумин ҷаласаи шӯрои раисони сервисҳои амниятӣ ва иттилоотии кишварҳои Ҳамсуд дар заминаи фаъолиятҳои иттилоотӣ баргузор мешавад».

Дар ин рӯйдод ҳайатҳо аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Федератсия Русия ширкат мекунанд.

Гуфтанӣ аст, ки як рӯз қабл аз оғози ин иҷлос, дар таърихи 20 сентябр, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар қолаби видео-конфронс бо раисони сервисҳои иттилоотии кишварҳои муштаракулманофеъ гуфтугӯ мекунад.

Бар асоси ин гузориш, ин иҷлосро рӯзи ҷумъа Сергей Норишкин, раиси сервиси иттилооти хориҷии Русия бо қироати паёми раисҷумҳури ин кишвар ифтитоҳ мекунад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад