Истиқболи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз имзои протоколи сулҳи марзӣ

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо интишори баёнияе аз имзои протоколи сулҳи марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо интишори баёнияе аз имзои протоколи сулҳи марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар баёнияе аз имзои протокол тавассути Тоҷикистон ва Қирғизистон барои сулҳи марзӣ ва тасбити вазъият дар манотиқи сарҳадии ду кишвар истиқбол кард.

Дар ин баёния, ки дар пойгоҳи расмии ин созмон мунташир шуда, омадааст: «дабирхонаи Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ аз имзои протокол дар заминаи тасбити вазъият дар манотиқи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон тавассути руасои ниҳодҳои марбутаи ду кишвар истиқбол мекунад.

Таъкид карда шуд, ки ин санад бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз иқдомоти таҳрикомез, даргириҳо ва ҳамчунин тазмини сулҳу субот дар манотиқи марзӣ ба имзо расидааст.

Дабирхонаи Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ дар бахши дигаре тавофуқи тарафайн барои тасриъи кор бо ҳадафи такмили таъйини проекти хатти гузари марзӣ байни давлати Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бахшҳои боқимондаро мусбат арзёбӣ кард.

Таъкид шуд, ки тавофуқи ҳосилшудаи тарафайн мабнӣ бар адами эҷоди посгоҳҳои марзӣ дар наздики бахши марзӣ, ки дар он даргириҳои мусаллаҳона байни низомиёни ду кишвар рӯй додааст, таъсири мусбате бар тасбити вазъият дар марз хоҳад дошт.

Бинобар баёнияи Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, ҳар гуна талош барои истифода аз зӯр барои ҳалли масоили мавриди муноқиша ғайри қобили қабул аст, ҳамаи ихтилофҳои марзӣ бояд фақаи аз тариқи абзорҳои сиёсӣ ва дипломатик ҳал шавад.

Созмони мазкур дар поён ибрози умедворӣ кард, ки протоколи имзошуда ба таври комил иҷро ва сулҳ ва дарки мутақобил дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон барқарор шавад.

Қайд карда мешавад, мулоқоти Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” баргузор гардидааст. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид намуданд.

Дар ин мулоқот таъкид гардид, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад. Дар анҷоми ин музокирот Тоҷикистону Қирғизистон санади наверо ба имзо расонданд, ҳосили ин санади имзошуда истиқболу ҳимояти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад