Вокуниши манфии Иттиҳоди Аврупо ба ҳамапурсии илҳоқи шарқи Украина ба Русия

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва раиси шӯрои Аврупо ҳамапурсии илҳоқи манотиқи шарқии Украина ба Русияро маҳкум карданд ва натоиҷи онро сохтагӣ ва ғайриқобили қабул хонданд.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва раиси шӯрои Аврупо ҳамапурсии илҳоқи манотиқи шарқии Украина ба Русияро маҳкум карданд ва натоиҷи онро сохтагӣ ва ғайриқобили қабул хонданд.

Ба нақл аз ал-Ҷазира, Ҷузеф Бурел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба баргузории ҳамапурсии илҳоқи манотиқи шарқии Украина ба хоки Русия ва натоиҷи он гуфт: “Иттиҳоди Аврупо ин ҳамапурсии ғайриқонунӣ ва натоиҷи сохтагии онро маҳкум мекунад.

Бурел дар идома афзуд: “натоиҷи ҳамапурсии Русия дар манотиқи шарқии Украина баёнгари таҷовуз ба ҳокимияти ин кишвар ва нақзи мукаррари ҳуқуқи башар тавассути Русия аст”.

Шорел Мишел, раиси шӯрои Аврупо ҳам дар вокуниш ба ҳамапурсӣ илҳоқи манотиқи шарқии Украина ба хоки Русия гуфт: “натоиҷи ин ҳамапурсиҳо дар Украинаро ба расмият намешиносем чаро, ки нодуруст ва сохтагӣ аст”.

Қобили зикр аст, ки минтақаи Запорожо ба ҳамроҳи Хирсун ва ду ҷумҳурии Луҳонск ва Дунетск, ҷузъи чаҳор минтақае буданд, ки ба манзури пайвастан ба Русия, аз ҷумъа ҳафтаи гузашта иқдом ба баргузории ҳамапурсӣ карданд. Ин ҳамапурсӣ дишб ба итмом расид ва натоиҷи аввалияи он ҳокӣ аз аст, ки беш аз 90 дарсади ширкаткунандагон бо илҳоқ ба Маскав мувофиқанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад