Сафари садри аъзами Олмон ба ҳавзаи Халиҷи Форс талош барои раҳоӣ аз буҳрони энержӣ

Ба дунболи ташдиди буҳрони энержӣ ва коҳиши захираҳои газӣ дар Аврупо Олаф Шолтс, садриаъзами Олмон дар чорчуби сафари дурӯза ба ҳавзаи Халиҷи Форс бо ҳадафи ройзани дар бораи масоили мухталиф рӯзи шанбе вориди шаҳри Ҷадаи Арабистони Саудӣ шуд, Қатар ва Аморот мақсадҳои баъдии сафари Шолтс хоҳанд буд меҳвари аслии ин сафар масоили марбут ба энержӣ аст.

Буҳрони сухт ва паёмадҳои ҷанги Украина ва парвандаи Яман ва барномаи ҳастаии Эрон аз мавзуъоти мавриди баҳс миёни Шолтс ва мақомоти аршади Арабистони Саудӣ ба вижа Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ аст.

Нукати ҷалоиби таваҷҷуҳ ин ки бо вуҷуди корномаи ҳуқуқи башарии манфии валиаҳди Саудӣ ба вижа қатли фоҷиаовари Ҷамол Хошоқчи, рузноманигори мунтақиди Саудӣ аммо барои Берлин масъалаи энержӣ муҳимтар аз мулоҳизоти ҳуқуқи башарӣ аст.

Эккарт Воетс, мудири муассисаи мутолеоти ғарби Осиё дар ин бора мегӯяд: Бо бологирифтани буҳрони энержӣ ва коҳиши захираҳои Аврупо тамоюли камтари ба матраҳ кардани масоили ҳуқуқи башарӣ бо содиркунандаи энержӣ вуҷуд дорад.

Сафари садриаъзами Олмон ба минтақаи Халиҷи Форс, ки минтақаҳои аслии нефтӣ ва ҳамчунин газии ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад мушахасан бо ҳадафи эҷоди чашмандозҳои ҷадид барои Олмон ва Аврупо дар заминаи таъмини манобеи нефтӣ ва газии ҷадид сурат гирифта аст.

Коршиносони иқтисодӣ муътақиданд, ки осор ва паёмадҳои иқтисодии ноши аз ҷанги Украина бар Аврупо ба хусус Олмон ба унвони қудратмандтарин иқтисоди Аврупо тулонимуддат хоҳад буд ва беш аз 20 сол идома хоҳад дошт.

Шароити кунунии Аврупо дар воқеъ ҳосили ҳамроҳии ин кишвар бо сиёсатҳои Амрико дар ҳимоят аз Украина дар ҷанг бо Русия аст.

Хисорати ин ҳамроҳиро шаҳрвандони аврупоӣ бо коҳиши шадиди осоиштагӣ ва низ таваруми шадид ва буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мепардозанд.

Онҳо коҳиши хадамоти иҷтимоӣ, буҳрони энержӣ, афзоиши нархи сухт ва маводи ғизоӣ ва таваруми бесобиқа даст ба гиребон буда ва чашмандози номатлубе низ дар зимистони соли 2022 дар интизорашон мебошад.

2 назарот
  1. tajikone мегӯяд

    Салом дӯсти азиз
    энежӣ и зада мегирад!?

  2. tajikone мегӯяд

    ва матни хабар ҳам пур аз ишколоти имлоӣ аст, ки бояд таваҷҷӯҳ кунед!

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад