Ғалабаи футзалбозон бар Афғонистон ва роҳёбӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо ғалаба бар Афғонистон ҳам ба даври ниманиҳоӣ ва ҳам ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳ ёфт.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бар тими миллии Афғонистон (2:1) пирӯз шуд ва барои аввалин бор дар таърих ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфта, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024 шуд, ки он аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Ҷоми Осиё-2024 оиди футзал

Чорякниҳоӣ

ТОҶИКИСТОН–  Афғонистон – 2:1

 

Голҳо: Ризо Ҳусейнпур, 19 – ба дарвозаи худ. Фарзод Маҳмудӣ, 23 (1:1). Файзалӣ Сардоров, 47 (2:1).


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бар тими миллии Афғонистон (2:1) пирӯз шуд ва барои аввалин бор дар таърих ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфта, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024 шуд, ки он аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Ба ҳайати мураббиён ва бозингарон барои ношон додани маҳорати касбӣ ва инчунин мухлисон миннатдории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистонро мерасонем ва дар бозиҳои оянда ба даста барор мехоҳем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад