Миннатдории Дабири кулли СММ ба Шайхи Ал-азҳар барои густариши сулҳ

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо ирсоли номае аз талошҳои Аҳмад Тайиб, шайхи Ал-азҳар дар ростои тарвиҷи сулҳ, тафоҳуму гуфтугӯи адён дар саросари ҷаҳон тақдиру ташаккур кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар ин нома аз талошҳои Аҳмад Тайиб, шайхи Ал-азҳар барои баланд бардоштани сатҳи ваҳдат миёни ҷавомеи мухталиф ва даъват ба тасоҳулу шафақат дар саросари ҷаҳон қадрдонӣ кард.

Дабири кулли СММ, ҳамчунин аз мизбонии Ал-азҳар дар тайи сафараш ба Миср дар 24 март ва дидор бо Шӯрои ҳукамои мусулмон миннатдорӣ кард.

Шайхи Ал-азҳар моҳи гузашта мизбони дабири кулли СММ буд. Вай дар ин дидор аз мавозеи дабири кул дар ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниён, адолату ҳуқуқи башар дар Ғазза ва ҳамчунин мавзеи сареҳи СММ дар заминаи ҳушдор ба ҷаҳонён дар қиболи таҷовузот ва ҷиноятҳои ахир дар Фаластин сипосгузорӣ кард.

Ёдоварӣ мешавад; интиқодоти бисёре аз нотавонии созмонҳои байналмилалӣ дар мувоҷиҳа бо таҷовузоту ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ вуҷуд дорад, бисёре ин созмонҳоро абзоре дар ҷиҳати таҳаққуқи аҳдофи қудратҳои ғарбӣ ба вижа соҳибони ҳаққи вето ва ҳимояти созмон ёфта аз режими саҳюнистӣ тавсиф кардаанд.

Ҳушдори Ал-азҳари нисбат ба таҳрифи чеҳраи Ислом

Раиси донишгоҳи Ал-азҳар бо интиқод аз камкориҳои сурат гирифта дар соҳаи тарҷума, нисбат ба таҳрифи чеҳраи Ислом ҳушдор дод.

Салома Довуд, раиси донгшгоаҳи Ал-азҳар дар суханоне дар конфаронс “Фанноварӣ, тарҷума ва омӯзиши забон; чашмандоз ва чолишҳо” изҳор дошт: Камбудиҳо дар тарҷума боис шуд бархе тасвири Ислом, аҳкому мафоҳими онро таҳриф кунанд.

Ал-азҳар

Вай, таъриху қидмати донишкадаи забону тарҷума ва чеҳраҳои мавриди эътимоди он ки дар тӯли чандин даҳа ба фароянди тарҷума кумак кардаандро таҳсин ва таъкид кард, ки онҳо дар густариши даъвати Ислом дар ҷаҳони ғарб нақш доштаанд.

Раиси донишгоҳи Ал-азҳар бо таъкид бар аҳамияти тарҷумаи матнҳои исломӣ гуфт, ки тарҷума, паёмовари андеша ва фарҳанг байни мардумони забонҳои мухталиф аст ва ғарб танҳо бо тарҷумаи улум ва мероси мо ба забони худ пешрафт кардааст.

Муҳаммад Ал-зувайнӣ, муовини Ал-азҳар ҳам дар суханоне таъкид кард, ки тарҷума, нишондиҳандаи роҳи боз миёни тамаддунҳо аст ва миллатҳову фарҳангҳоро дар тӯли давронҳои мухталиф ба якдигар пайванд додааст.

Вай тасреҳ кард: Дар солҳои ахир падидаеро мушоҳида кардаем, ки қалби мусулмононро ба дард оварда ва он падида “исломҳаросӣ” аст, падидае, ки талош мекунад Ислому мусулмононро тазъиф ва виҷҳаи онҳоро хадшадор кунад ва нафрату кинаро нисбат ба ҳар ончи ки исломӣ аст, густариш диҳад.

Муовини Ал-азҳар хотирнишон кард: Касоне ки ин падидаро дунбол мекунанд, ба хубӣ медонанд, ки камбуд дар тарҷума ва заъфи таҳқиқу адами диққат дар интиқоли маорифу андешаҳои исломӣ барои ҷаҳони ғарб, боиси эҷоди шикофи амиқе байни ҷавомеъ шуд, ки таҳрифи Ислом ва аҳкоми онро афзоиш дод.

Вай афзуд: Дар авҷи азимати тамаддуни арабӣ-исломӣ, ҷадидтарин, пешрафтатарин ва печидатарин улуми ҷаҳонӣ аз забонҳои ҳиндӣ, форсӣ ва юнонӣ тарҷума шуда ва мутарҷимон бо бетарафӣ ва комилан ҳирфаӣ ин матнҳоро ба забони арабӣ тарҷума карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад