Толибон низ ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба Ғаззаро маҳкум кард

Гуруҳи Толибон, зимни маҳкум кардани ҳамалоти ваҳшиёнаи режими палиди саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, хостори поёни фаврии ин ҳамалот шуд.

 

Гуруҳи Толибон, зимни маҳкум кардани ҳамалоти ваҳшиёнаи режими палиди саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, хостори поёни фаврии ин ҳамалот шуд.

Ба гузориши хабарнигори сайти Афғонистон, давлати муваққати Толибон таҷовузи режими кӯдак куши саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва террори яке аз фармондаҳони аршади ҷунбиши Ҷиҳоди Исломиро маҳкум кард.

“Абдулқаҳор Балхӣ”, сухангӯи вазорати хориҷаи гуруҳи Толибон дар Твите навишт: «Амороти Исломӣ ҳамалоти ваҳшиёнаи Исроил ба мусалмонони мазлум ва бе дифои Ғаззаро, ки дар он бисёре аз Фаластиниҳо шаҳид ва маҷрӯҳ шудандро ба шиддат маҳкум карда ва хостори поёни фаврии он аст.»

Сухангӯи вазорати хориҷаи гуруҳи Толибон ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост то ба масъулияти худ дар ҷилавгирӣ аз ҷиноёт ва таҷовузоти режими ҷинояткори саҳюнистӣ амал кунад.

Ҷангандаҳои режими ҷинояткори саҳюнистӣ асри рӯзи гузашта ҷумъа 14 мурдод манотиқе аз Навор Ғаззаро ҳадаф ҳамла қарор доданд, ки бинобар гузоришИ расонаҳои Фаластин, “Тисир Ал Ҷабарӣ” аз раҳбарони аршади Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ ва даҳ нафари дигар дар ин ҳамла ба шаҳодат расиданд.

Баъд аз оғози амалиёти низомии ҷадиди режими муваққати саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза дар шомгоҳи ҷумъа, расонаҳои маҳаллӣ бомдоди шанбе низ аз тадовуми ҳамалоти ваҳшиёна ба ин минтақа хабар медиҳанд.

Сухангӯи артиши режими палиди саҳюнистӣ бомдоди шанбе эълом кард, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин режим дар ҳоли ҳамла ба аҳдофи ҷунбиши муқовамати Ҷиҳоди Исломӣ дар Навори Ғазза ҳастанд.

Сухангӯи артиши режими кӯдак куши Исроил эълом кард, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин режим дар ҳоли ҳамла ба аҳдофи ҷунбиши муқовимати ҷиҳоди исломӣ дар Навори Ғазза ҳастанд.

Соати баъд, хабаргузории Фаластинии “Шаҳоб” гузориш дод: «ишғолгарон бо мушак масҷиди Абуҳанифа дар шарқи Ҷабалия воқеъ дар шимоли Навори Ғаззаро ҳадаф қарор доданд».

Дар ин гузориш омада аст: «ҳавопаймоҳои ҷангии режими ҷинояткори Исроил замини кишоварзии наздики масҷиди “Ансор”, дар Байт Лаҳия, воқеъ дар шимоли Навори Ғаззаро бо ду мушак бомбаборон карданд».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад