Рехтани 16 тон бомб бар сари мардуми мазлуми “Ғазза” тавассути саҳюнистҳо

Як рӯзномаи саҳюнистӣ навишт, ин режим дар аввалин рӯзи ҳамла ба Навори Ғазза 16 тон бомб ва тир истифода карда аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, рӯзнома саҳюнистии  “Yedioth Aharonot”, дар хабаре навишт, дар рӯзи аввали ҳамла ин режим ба Навори Ғазза, ки дар соати 16:16 дақиқа (ба вақти маҳаллӣ) рӯзи ҷумъа (дирӯз) бо террори “Тисир Ал-Ҷабарӣ”, фармондеҳи аршади Ҷиҳоди Исломи оғоз шуд 14 ҳадафи марбут ба Ҷиҳоди Исломӣ ҳадаф гирифта ва 16 тон бомб ва тир истифода шуд.

Ин рӯзнома дар идома эълом кард, артиши режими саҳюнистӣ аз ҷанганда ва тӯпхона барои ҳамла ба 24 ҳадаф истифода карда ва паҳподҳои ҳуҷумӣ низ барои таъқиби ҳастаҳои вобаста ба Ҷиҳоди Исломӣ бакор гирифта шуда аст.

Дирӯз, гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар посух ба ҳамалоти режими палиди саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, шаҳракҳои атрофи Ғазза ва ҷануби Телавивро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор доданд.

Сарая ал-Қудс, шохаи низомии Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ эълом кард, ки Телавив ва шаҳрҳои марказии Фаластини ишғолӣ ва атрофи Ғаззаро бо беш аз 100 мушак ҳадаф қарор доданд.

Дирӯз ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти мушакии талофиҷуёнаи муқовимати Фаластин, шаҳрдории Телавив иқдом ба бозкрдани паноҳгоҳ барои саҳюнистҳо кард.

Режими хунхори саҳюнистӣ ҳамчунин аз тарси посухи мушакии муқовимати Фаластин, тасмимотеро иттихоз кард, ки иборатанд аз: таътилии соҳили Ашкелон ва поркҳо, тағйири масири парвозҳо аз фурудгоҳи Бен Гурин, эъмоли маҳдудиятҳо барои машоғил ва омӯзишҳо то 80 километрии шарқ ва шимоли Навори Ғазза ва ҳатто Телавив, гушӯдани паноҳгоҳҳо ва омодабоши сомонаи гунбади оҳанин.

Артиши режими саҳюнистӣ имрӯз (шанбе) эълом кард, муқовимати Фаластин аз дирӯз (ҷумъа) то ба имрӯз 160 ракет ва мушак ба самти шаҳракҳои саҳюнистӣ шиллик карда аст.

Рон Кукхау, сухангӯи артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ муддаӣ шуд, аз замони оғози ҳамла 30 ҳамла ба 40 ҳадафи ҷиҳоди исломӣ дар Навори Ғазза дошта аст ва барои як ҳамла як ҳафтаӣ ва шояд тӯлонитар омода мешавад.

Сухангӯи артиши режими кӯдак куши саҳюнистӣ сипас эълом кард, “Тисир Ал-Ҷабарӣ”, фармондеҳи аршади Ҷиҳоди Исломӣ ҳадафи охир набуда ва агар лозим бошад амалиёт густурдатар мешавад.

Даври таниши кунунӣ аз боздошти “Бассом Ас-Саъдӣ” аз сарони аршади Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ дар ҳафтаи гузашта оғоз шуд ва миёнҷигарии Миср барои поён додан ба ин танишҳо ба ҷое нарсид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад