Размоиши муштараки низомии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Машқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя таҳти назорати роҳбарияти олии низомии ҳар ду кишвар ҷараён доранд.

Машқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя таҳти назорати роҳбарияти олии низомии ҳар ду кишвар ҷараён доранд.

Дар тамрингоҳи низомии Тирмиз тамриноти муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон “Иттиҳод – 2022” ҷараён дорад, гузориш медиҳад Вазорати дифои Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, ки як ҳайати бузурги низомӣ вориди Ӯзбекистон шуд, ки дар гарнизони Тирмиз ҷойгир шудааст. Афсарони тоҷику ӯзбек мувофиқи нақша амалиёти якҷояро омӯхтанд.

Дар маросими ифтитоҳи тамриноти муштарак генерал-майор Зайнобиддин Иминов, фармондеҳи ҳавзаи махсуси низомии ҷанубу ғарбии Ӯзбекистон ва генерал-майор Шароф Эгамзод, муовини сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки баргузории ин машқҳои муштараки дӯстона миёни нерӯҳои мусаллаҳ ба таҳкими равобити дӯстии кишварҳо мусоидат мекунад.

Дар нуқтаҳои тамринӣ ва гузаргоҳҳои монеадор хизматчиёни ҳарбӣ дар машқҳои намоишӣ иштирок намуданд.

Онҳо техника ва усулҳои ҷанги наздик, аз майдони набард баровардани ярадоршудагон ва рафъ кардани ҳуҷуми душмани шартиро намоиш доданд.

Ҳанӯз маълум нест, ки тамринҳои муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон то кай идома хоҳад кард ва ҳамзамон теъдоди низомиён ва мошинҳои зиреҳпӯш дар ин размоиш мушаххас нест.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Кишварҳои узви СПАД дар 3 кишвари Осиёи Макарзӣ размоиши низомӣ баргузор хоҳанд кард.

Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия эълом кард кишварҳои узви СПАД дар фасли тирамоҳи соли 2022 чандин размоиши муштарак дар хоки Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор хоҳанд кард.

Вай дар иҷлоси солгарди ин сомзон дар Маскав хотирнишон кард, кишварҳои узви СПАД қасд доранд маҷмуъаи комили аз размоишҳои муштаракро дар тирамоҳи соли 2022 баргузор кунанд.

Ба гуфтаи вай ин размоишҳо дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Раиси Ҷумҳурии Русия ибрози итминон кард, ки ин иқдомот дар хидмати афзоиши омодагии размӣ, сатҳи ҳамоҳангии сохторҳои низомии кишварҳои мо ва ба таври кулли потонсели ҳифзи сулҳи созмон хоҳад буд.

Охирин размоиши ин созмон тирамоҳи соли гузашта дар Қирғизистон баргузор шуд, ки дар он размоиш гуруҳҳои низомӣ ва гуруҳҳои амалиётии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, ситоди муштарак ва дабирхонаи созмон, воҳидҳои Вазорати умури дохила, нерӯҳои миллии горд, Вазорати шароити изтирори ва сервиси марзии кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ширкат карданд

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад