Валид бин Абдураҳмон сафири нави Арабистон дар кишвар

Сафири нав таъйини Арабистон бо Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард.

Арабистон сафири худ дар Тоҷикистонро иваз карда Валид бин Абдураҳмон Рушайдонро ба ҷои Абдулазиз Муҳаммад Бодӣ таъйин кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки 26 августи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулодда ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон Рушайдонро ба ҳузур пазируфт.

Бар асоси гузориши ВКД Тоҷикистон, дар мулоқот ба суди Тоҷикистон ва Арабистон ҳамкориҳо таъкид шудааст.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии кишвар ба Валид бин Абдураҳмон Рушайдон, сафири нави Арабистони Саудӣ дар Душанбе комёбӣ орзу намуд.

Валид бин Абдурраҳмон Рушайдон дар мақоми сафирӣ Абдулазиз Муҳаммад Бодиро иваз кард, ки рисолати дипломатияш дар Душанбе соли равон анҷом ёфт.

Маъмурияти дипломатии Бодӣ, ки эътимодномааш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро моҳи ноябри соли 2016 супорида шуда буд.

Қаблан масъулини ду кишвар таъкид карда буданд, ки тайи солҳои охир муносиботи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои гуногун таҳким ёфтанд.

Сафоратхонаи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон соли 2010-ум ифтитоҳ шуда бошад ҳам Бунёди саудии рушд аз аввали солҳои 2000-ум дар маблағгузории лоиҳаҳои гуногун саҳмгузор мебошад.

Арабистони Саудӣ Толибонро ба расмият шинохт

Бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки Арабистони Саудӣ гурӯҳи Толибонро ба расмият шинохтааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Чин ва Русия эълом доштанд, ки барои ба расмият шинохтани Толибон мунтазири рафтори онон дар рӯзҳои оянда ҳастанд.

Аммо то ҳанӯз давлати Арабистони Саудӣ ба таври расмӣ ба расмият шинохтани Толибонро таъкид накардааст .

Ёдрас мешавем, рӯзи якшанбе ҷангҷӯёни Толибон вориди пойтахти Афғонистон шудаанд.

Толибон дар ҳоли ҳозир идораи тамоми давлатро бар дӯши худ гирифтанд.

Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангҷӯён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд.

Толибон ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.

Дар пайи хуруҷи неруҳои хориҷӣ, ба вижа низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, Толибон пешравиҳои худро оғоз карда ва бештар ноҳияҳо ё вулусволиҳоро тасарруф карданд. Аммо тайи рӯзҳои ахир ин гурӯҳ ба шаҳрҳо ҳамла карданд ва вилоятҳои Бадахшон, Тахор, Кундуз, Сарипул, Самангон, Ҷузҷон, Нимруз, Фароҳ, Ҳирот, Ғазнӣ ва Кандаҳорро ба таври комил дар ихтиёри худ гирифтанд.

Қайд карда мешавад, ки пас аз хуруҷи неруҳои Амрико ва ҳамчунин Нато аз хоку қаламрави Афғонистон, гуруҳи Толибон мавқеиятро фароҳам дода ва аз фурсат истифода карданд ва нуфузи худ дар Афғонистонро оғоз кардаанд.

Дар ин муддат музокираҳои гуногун аз ҷумла музокироти Қатар анҷом шуд ва ба назар мерасад феълан наметавонанд ба як оташбас даст ёбанд ва дар музокироти Қатар ҳам тарафайн ба ҳамин хулоса расида буданд.

Ҳоло Толибон нуфузи зиёде пайдо кардааст ва бар асоси иддаои худашон тамоми Афғонистонро дар тасарруфи худ дорад. Равшан аст, ки бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти ҷуғрофиёии Афғонистон, нуфузи Толибон метавонад як таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон бошад.

 

Ансоруллоҳ масъули назорати марз бо Тоҷикистон аз ҷониби Толибон

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад