Толибон: То Ашраф Ғанӣ дар қудрат аст, оташбас пазируфта нахоҳад шуд!

Сухангӯи толибон эълон кард, ки то замони ҳузури Ашраф Ғанӣ дар қудрат, оташбас пазируфта нахоҳад шуд.

Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар эълом кард, ки қабл аз пазириши оташбас тавасути ин гурӯҳ бояд дар бораи Ашраф Ғанӣ ва давлати ҷадид, ки мавриди қабули ҳама тарафҳо дар Афғонистон бошад тавофуқ шавад.

Сӯҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон ва узви гурӯҳи музокиракунанда, дар бораи шартҳои гурӯҳ барои қабули оташбас гуфт: “Толибон замоне силоҳҳои худро бар замин мегузоранд, ки як давлати бархоста аз музокирот дар Афғонистон эҷод шавад ва барои ҳама тарафҳои даргир қобили пазириш бошад, ҳамчунин давлати кунунӣ низ аз қудрат каноргирӣ кунад.

Шоҳин ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки мо ба инҳисори қудрат бовар надорем, зеро ҳар давлате, ки дар гузашта қудратро дар Афғонистон инҳисор кард, мувофиқ набудааст ва онҳо намехоҳем ба хатогиҳои пешина роҳ диҳанд.

Ин узви аршади Толибон ба дархости давлати Афғонистон барои оташбас гуфт, ки дар шароите, ки Ашраф Ғанӣ сари қудрат аст ин барои мо монанд ба дархости таслимшудан аст ва гуфт: “Онҳо сулҳро намехоҳанд, онҳо таслим шудан мехоҳанд.”

Вай афзуд, ки қабл аз ҳама гуна оташбас бояд дар бораи ҳукумати нав, ки барои Толибон* ва тарафҳои дигари Афғонистон қобили қабул аст, созиш ҳосил шавад ва дар чунин шароит ҷанг идома нахоҳад ёфт.

Шоҳин идома дод, ки пас аз ташкили ҳукумати нав дар Афғонистон занон ҳуқуқи кор, таҳсил ва иштирок дар фазои сиёсиро бо риояи ҳиҷоб ба даст меоранд ва аз онҳо ҳамроҳии мард барои тарки хона талаб карда намешавад.

Ногуфта намонад, бо вуҷуди инки интизор мерафта дар нишасти Қатар як тавофуқ бар сари оташбаси 3-моҳа сурат бигирад, аммо ни музокирот натиҷа надод. Гуфтушуниди дурӯзаи ҳайати ҳукумати Афғонистон бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва Мулло Ғанӣ Бародар раиси ҳайати гуфтугӯкунандаи гуруҳи “Толибон” дар Қатар бидуни натиҷае ба поён расид.

Дар пасманзраи хуруҷи неруҳои НАТО ва Амрико, гурӯҳи Толибон мавқеияти нуфуз дар Афғонитонро пайдо кардааст ва бар асоси иддаои худашон беш аз 90% аз ин кишварро дар тасарруфи худ даровардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад