Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳӯри кишвар ба даъвати Владимир Путин раисиҷумҳӯри Русия барои ширкат дар маросими рӯзи пирӯзӣ ба Маскав сафар кард.

Раисиҷумҳӯр Эмомалӣ Рамон дар маросими ташрифотӣ ба муносибати ҳафтоду нуҳумин солгарди рӯзи пирӯзӣ ва нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои мустақили муштаракалманофеъ дар Маскав ширкат хоҳад кард.

Раисиҷумҳӯрро дар ин сафар вазири умӯри хориҷа, дастёри раисиҷумҳӯр дар умӯри хориҷа ва соири мақомот ҳамроҳӣ мекунанд.

Шавкат Мирзиёев, Содир Ҷаборов, Қосим Жомарт Токаев, Александр Лукашенко ва Сардор Бердимуҳаммадов низ ба даъвати Путин ба рижаи пирӯзӣ дар Маскав хоҳанд рафт.

Соли гузашта, тақрибани ҳамаи раҳбарони кишварҳои мустақили муштаракалманофеъ дар рижаи пирӯзӣ дар Маскав ҳузур доштанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад