Арабистони Саудӣ Толибонро ба расмият шинохт

Арабистони Саудӣ аввалин кишварест, ки Толибонро эътироф кардааст.

Бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки Арабистони Саудӣ гурӯҳи Толибонро ба расмият шинохтааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Чин ва Русия эълом доштанд, ки барои ба расмият шинохтани Толибон мунтазири рафтори онон дар рӯзҳои оянда ҳастанд.

Аммо то ҳанӯз давлати Арабистони Саудӣ ба таври расмӣ ба расмият шинохтани Толибонро таъкид накардааст .

Ёдрас мешавем, рӯзи якшанбе ҷангҷӯёни Толибон вориди пойтахти Афғонистон шудаанд.

Толибон дар ҳоли ҳозир идораи тамоми давлатро бар дӯши худ гирифтанд.

Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангҷӯён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд.

Толибон ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.

Дар пайи хуруҷи неруҳои хориҷӣ, ба вижа низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, Толибон пешравиҳои худро оғоз карда ва бештар ноҳияҳо ё вулусволиҳоро тасарруф карданд. Аммо тайи рӯзҳои ахир ин гурӯҳ ба шаҳрҳо ҳамла карданд ва вилоятҳои Бадахшон, Тахор, Кундуз, Сарипул, Самангон, Ҷузҷон, Нимруз, Фароҳ, Ҳирот, Ғазнӣ ва Кандаҳорро ба таври комил дар ихтиёри худ гирифтанд.

Қайд карда мешавад, ки пас аз хуруҷи неруҳои Амрико ва ҳамчунин Нато аз хоку қаламрави Афғонистон, гуруҳи Толибон мавқеиятро фароҳам дода ва аз фурсат истифода карданд ва нуфузи худ дар Афғонистонро оғоз кардаанд.

Дар ин муддат музокираҳои гуногун аз ҷумла музокироти Қатар анҷом шуд ва ба назар мерасад феълан наметавонанд ба як оташбас даст ёбанд ва дар музокироти Қатар ҳам тарафайн ба ҳамин хулоса расида буданд.

Ҳоло Толибон нуфузи зиёде пайдо кардааст ва бар асоси иддаои худашон тамоми Афғонистонро дар тасарруфи худ дорад. Равшан аст, ки бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти ҷуғрофиёии Афғонистон, нуфузи Толибон метавонад як таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад