Ансоруллоҳ масъули назорати марз бо Тоҷикистон аз ҷониби Толибон

Толибон дар ҳассостарин нуқтаҳои марзи байни ду кишвар гуруҳи “Ансоруллоҳ”-ро масъули марзбонӣ гузоштаанд.

Толибони афғон, ки акнун аз се ду ҳиссаи марзи Афғонистону Тоҷикистонро зери назорат гирифтаанд, мегӯянд, нисбат ба ҳамсояҳо ягон нақшаи бад надоранд. Аммо Толибон дар ҳассостарин нуқтаҳои марзи байни ду кишвар гуруҳи “Ансоруллоҳ”-ро масъули марзбонӣ гузоштаанд, ки аъзо ва тарафдоронаш дар Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм таҳти пайгард ҳастанд.

Яке аз шоҳидони суқути минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон дар Афғонистон гуфт, парчами Толибонро дар марз як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳдӣ Арсалон устувор кард. Дар навору аксҳои дастрасшуда даҳҳо нафаре дида мешаванд, ки ба лаҳҷаи хоси тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Онҳоро мардуми маҳаллӣ “Толибони тоҷик” ном мебаранд. Намояндагони Толибон ҳузури хориҷиёнро дар сафи худ рад мекунанд.

Илова ба ин, бар асоси созиш бо Амрико, Толибон бояд ба ҷангҷӯёни “Ал-Қоида” ва шарикони он дар хоки Афғонистон роҳ надиҳанд. Дар гузориши Маркази Байналмилалии Хушунати Сиёсӣ ва Терроризм аз соли 2017 омадааст, ки “Ҷамоати Ансоруллоҳ” шарики “Ал-Қоида” аст. Дар гузашта наворҳое низ нашр шуда буданд, ки аъзои ин гурӯҳ ба “Ал-Қоида” байъат кардаанд.

Дар ду соҳили як дарё

Маҳдӣ Арсалон шахсест, ки Толибон идораи панҷ улусволии марзии Афғонистон: Куф, Шикай, Нусай, Моҳимай ва Хоҳонро ба ӯ супурдаанд. Ин минтақаҳоро аз Дарвози Тоҷикистон танҳо рӯди Ому ҷудо мекунад.

Манбаъҳои ҷудо ҳам гуфтанд, “Маҳдӣ Арсалон” дар асл Муҳаммад Шарипов, сокини деҳаи Шербегиёни ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод, шарқи Тоҷикистон, аст. Намояндаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ гуфт, аз қабл ин маълумот дастрас шуда буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо раҳбарии Муҳаммад Шарипов дар он сӯйи марз қарор доранд. Ин манбаъ ҳамчунин масъули марзи Афғонистон бо Тоҷикистон таъйин шудани “Маҳдӣ Арсалон”-ро тасдиқ намуд ва гуфт, шахсияти наздик ба 200 шаҳрванди Тоҷикистонро дар гуруҳи ӯ шиносоӣ кардаанд.

Дастаи ӯ дар ишғолгариҳои ахири Толибон дар Бадахшони Афғонистон ширкати густарда дошта, вале пештар, дар моҳи ноябри соли 2020, бо қатли бераҳмонаи 24 сарбозу афсари ҳукумати Афғонистон дар ноҳияи Моҳмай шуҳрат ёфт.

Саҳнаҳои ин куштор дар наворе дида мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт. Дар он аъзои даста ба лаҳҷаи хоси тоҷикони Тоҷикистон таҳдид карданд, ки рӯзе ба ин кишвар низ ҳамла хоҳанд кард.

Генерал Қодир Сафо, раиси ноҳияи Дарвози Бадахшони Афғонистон, гуфт, “инҳо гуруҳи “Ансоруллоҳ” ҳастанд, ки ҳоло бо Толибонанд. Чанд нафараш кушта шуд, ки мо шахсияташонро маълум карда будем. Инҳо бо духтарони маҳаллӣ издивоҷ кардаанд”.

Қодир Сафо афзуд, шоҳиди сарбозгирии “Толибони тоҷикӣ” аз хоки Тоҷикистон шудаанд: “Мо медонем, ки инҳо аз Тоҷикистон сарбозгирӣ мекунанд. Баҳори имсол мо маълумот гирифтем, ки нӯҳ нафар аз роҳи байни Рӯшону Шуғнони Тоҷикистон ба хоки Афғонистон ворид шуданд ва ба Толибон пайвастанд. Мо ин гапро ба консулгарии Тоҷикистон гуфта будем. Зимистону баҳор зиёд аз Тоҷикистон бо онҳо пайвастанд.”

Гурӯҳи “Ансоруллоҳ”, ки акнун мақомоти афғон ва мардуми маҳаллӣ аз онҳо “Толибони тоҷикӣ” ном мебаранд, аз ҷониби Амриддин Табаров, як фармондеҳи пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандии соли 1992-97 таъсис ёфт. Дар аввал ба ин созмон шахсоне ҷамъ омаданд, ки созишномаи сулҳи ҳукумат ва мухолифонро дар Тоҷикистон напазируфтанд. Ҳоло сафи онро насли дуюм ва аксаран пайвандони насли аввали “Ансоруллоҳ” ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, Муҳаммад Шариповро аз “насли дуюм” медонанд.

Ин даста дар солҳои гуногун дар Афғонистон ва Покистон бо Ҳаракати Исломии Узбекистон, Ҷунбиши Исломии Туркистон, “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ”, “Ҷундулхалифа”, Ал-Қоида ва Толибон ҳамкорӣ кард. Соли 2019 ду писари асосгузори “Ансоруллоҳ” дар Афғонистон аз сӯи низомиёни амрикоӣ боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Бино бар хабарҳо, Табаров дар соли 2016 кушта шудааст.

Толибон рад мекунанд, аммо…

Сухангӯи Толибон будани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сафи Толибон рад кард. Забеҳулллоҳ Муҷоҳид ҳамчунин гуфт, созмонаш хостори равобити хуб бо Тоҷикистон аст ва ба ҳеч гуруҳ иҷоза намедиҳад, ки аз Афғонистон ба кишвари ҳамсоя ҳамла кунад. Ӯ гуфт, ҳатто замони фирори сарбозони ҳукумат ба хоки Тоҷикистон ба хотири он ки тире ба он сӯи марз наравад, ба сӯи онҳо оташ накушоданд.

Айни нуктаро намояндаи вижаи Русия дар масъалаҳои Афғонистон Замир Кобулов низ мегӯяд. Вай илова мекунад, ки баръакс, ҳарбиёни ҳукумати Афғонистон аллакай аз ҳудуди Тоҷикистон ба тарафи Толибон оташ кушоданд, аммо Толибон ба сӯйи Тоҷикистон тир холӣ накарданд.

Вале сокинони деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон ин гуфтаҳоро рад мекунанд. Амирҷони Эмомализода, коргаре дар минтақаи марзии Панҷи Поён, рӯзи 24-уми июн гуфта буд, мавҷи тирҳои дайду аз болои сараш мегузашт. Дар ҷангҳои ду моҳи охир 1600 шаҳрванди Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид далелҳои онро, ки Толибон дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон шаҳрвандони мусаллаҳи Тоҷикистонро ҷобаҷо кардаанд, рад ё тасдиқ карда натавонист.

Ӯ гуфт: “Ин ниёз ба таҳқиқ дорад. Мо онро таҳқиқ мекунем. Мо тоза ба ин бахшҳо ҳоким шудаем. Мо иҷоза намедиҳем, ки шаҳрвандони хориҷӣ аз номи мо истифода кунанд. Мо таҳқиқ мекунем. Агар инҳоро пайдо кардем, аз кишвари худ хориҷ мекунем”.

Мақомоти Тоҷикистон ҳузури шаҳрвандони ин кишварро дар қаламрави Афғонистон тасдиқ кардаанд ва зоҳиран ба ваъдаҳои Толибон чандон бовар надоранд. Президент Эмомалӣ Раҳмон фармони ҷалби 20 ҳазор нерӯи изофиро ба марз дархост кард ва дар кишвар як тамрини сартосарии ҳарбӣ бо ширкати 230 ҳазор нафар баргузор намуд. Ҳамчунин аз Русия ва ҳампаймонҳои дигараш хост, дар тақвияти марз кумак кунанд.

Як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон вазъиятро дар марз бо Афғонистон “хеле ташвишовар” номид. Ӯ, ки нахост, номаш зикр шавад, афзуд: “То имрӯз дар ҳақиқат аз ҷониби Толибон ҳеч амали бадхоҳона нисбат ба Тоҷикистон содир нашудааст. Толибон чанд бор эълон карданд, ки ба Тоҷикистон зарар намерасонанд. Лекин дар таҷриба дидем, ки гуруҳи “Ансоруллоҳ”, ки ҳоло дар хидмати онҳо аст, борҳо ақидаву ҳадафашонро дигар карданд. Кӣ кафолат дода метавонад, ки фардо ин гурӯҳ аз Толибон ҷудо намешаваду ба Тоҷикистон ҳамла намекунад?”

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик, мегӯяд, ин гуруҳ хурд буд ва мустақилона наметавонист амал кунад, аз ин рӯ, дар аввал бо созмони мамнӯи “Ал-Қоида” робита дошт ва парчамаш шабеҳи парчами ин гуруҳи тундрав буд. Дар чанд соли охир, ба гуфтаи Ҳодизода, ҷангҷӯёни ин созмон дар сафи Толибон меҷанганд.

Таҳлилгарон бар инанд, ки “Ансоруллоҳ” метавонад, ҳамчун пӯшише барои ҳамла ба Тоҷикистон истифода шавад. Ҳамчунин маълум нест, то куҷо он зери фармони Толибон хоҳад монд.

“Хатарнок ва бераҳм”

Ба гуфтаи мақомот, “Маҳдӣ Арсалон” ё Муҳаммад Шарипов, ки ҳоло 25-сола аст, ҳудуди ҳафт сол пеш ба “Ансоруллоҳ” пайвастааст. Падари ӯ Мирхоҷа Шариповро аз шарикони Амриддин Табаров, муассиси “Ансоруллоҳ” медонанд. Духтари ин хонавода бо писари Табаров издивоҷ кардааст. Мақомот мегӯянд, Мирхоҷа бо як писараш соли 2011 дар амалиёти зидди дастаи Мулло Абдулло дар минтақаи Рашт кушта шуд. Писари ӯ Муҳаммад, ба қавли мақомот, роҳеро интихоб кард, ки падару бародараш ба он рафта буданд.

Муҳаммад Шариповро мо хатарноку бераҳм медонем. Ба иттилое, ки мо дастрас кардаем, ӯ дар сохтани бомби дастӣ маҳорат дорад, ҳама гуна силоҳро истифода бурда метавонад ва дар амалиёт гуруҳеро фармондеҳӣ мекунад. Дар тасарруфи чанд улусволӣ дар Бадахшон ба манфиати Толибон бевосита саҳм доштааст”.

Дар деҳаи Шербегиёни ноҳияи Нуробод ин хонаводаро хуб мешиносанд. Ин деҳа наздик ба ҳазор сокин дорад ва дар канори деҳаи Ғуломон, зодгоҳи раҳбари кушташудаи “Ансоруллоҳ”, Амриддин Табаров, ҷойгир аст. Дар ин деҳа, ба гуфтаи мақомот, аз 90 дар сади хонаводаҳо як ё ду нафар дар амалиёти зидди Мулло Абдулло кушта шудаанд. Ҳоло бештар аз даҳ сокини ин деҳаи хурд дар Афғонистонанд.

Аминҷон, мудири мактаби деҳаи Шербегиён, мегӯяд, падари хонавода ба ду писар ва шаш духтараш иҷоза намедод, ки мактаб хонанд ва бештар онҳоро таълими динӣ медод. Ӯ гуфт, падараш, ки ҷангии собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин буд, аз тарс касе наметавонист фарзандони ӯро барои дарсхонӣ маҷбур кунад.

Фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин то 10 сол пеш дар минтақаи Рашт нуфуз доштанд. Бо кушта шудани Мулло Абдулло Раҳимов ҳукумат дар як амалиёт пай дар пай чанде аз онҳоро кушт ё боздошт кард. Падари Муҳаммад аз он ҷумла буд ва пас аз маргаш фарзандонашро ба мактаб ҷалб карданд. Ба нақли директори мактаб, он замон якбора синфи як нохонда Муҳаммадро ба синфи ҳафтум қабул карданд. Соли 2015 пас аз хатми мактаб ӯро дигар дар деҳа надиданд.

Роҳ ба Афғонистон ба воситаи Русия

Зулқаъда Юнусова, модари Муҳаммад Шарипов гуфт, соли 2015 баъди ба Русия рафтан, писараш 6 моҳ бо онҳо телефонӣ суҳбат мекард. Моҳи октябри соли 2015 Муҳаммад ба модараш гуфтааст, ки ҳамроҳи шавҳари хоҳараш барои кор ба ҷангал мераванд ва онҷо мавҷи телефон кор намекунад.

Ӯ нақл кард: “Гуфт, ки занг зада наметавонам, хавотир нашавед. Қариб ҳафт моҳ гузашт, ки телефон намекард, мо ҳам хотирҷамъ будем, ки кораш дар ҷангал тамом шавад, занг мезанад. Лекин баъди 7-8 моҳ чанд бачаро дар Русия дастгир карданд ва мақомот ба хонаи мо омаданд, ки писарат туро фиреб карда, ба Афғонистон рафтааст”.

Модараш мегӯяд, бори охир рӯзи Иди Қурбон, 20‑уми июл, бо писараш суҳбат кардааст. Ӯ тасдиқ кард, ки Муҳаммад дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон аст.

Нақли дӯсти Муҳаммад Шарипов

Озодӣ бо як шаҳрванди Тоҷикистон суҳбат кард, ки аз ҷониби ин гуруҳ барои сафар ба Афғонистон ташвиқ шудааст. Ин шахс, ки бо далелҳои амниятӣ нахост, аз ӯ ном барем, гуфт, бо Муҳаммад Шарипов (Маҳдӣ Арсалон) солҳои муҳоҷират дар Русия шинос шудааст. Вай афзуд, то ду моҳ пеш “Маҳдӣ Арсалон” ӯро ташвиқ мекард, ки барои ҷиҳод ба Афғонистон биёяд.

Ӯ гуфт: “Дар аввал чанд моҳ гапҳояшро гӯш мекардам. Даъват мекард, ки дар Афғонистон ҷиҳод аст ва ба ҷиҳод биё. Ба ӯ гуфтам, ки ин роҳи Шумо хато ҳаст ва худро дар роҳи беҳуда ва ба манфиати бегонагон қурбон мекунед. Байнамон баҳс шуд ва маро дар Вотсап “блок” кард”.

Бознашр аз Озодӣ

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад