Ато Муҳаммад Нур: Фирори нухбагон хиёнат ба миллат аст!

Ато Муҳаммад Нур, собиқ волии Балх тахлияи ҳазорҳо нафар таҳсилдидаҳоро аз Афғонистон як хиёнати дигари шарикони байналмилалӣ барои ин кишвар хонд.

Ато Муҳаммад Нур аз эълони ИМА ва дигар кишварҳо интиқод кард, ки мегӯянд ҳазорҳо нафарро аз Афғонистон берун мекунанд ва суол гузошт, ки сарнавишти 35 миллион аҳолии дигари ин кишвар чӣ мешавад.

Муҳаммад Нур бо нигаронӣ ба расонаҳо гуфт, онҳое аз кишвар берун мешаванд, ки таҳсил карда буданд, забонро мефаҳмиданд. Ӯ ин кадрҳоро сармояе хонд, ки кишварҳои ғарбӣ берун мебаранд.

Ато Муҳаммад Нур, чеҳраи матраҳи АФғонистон, ки феълан худаш ҳам дар фирор қарор дошта, ба иттилои охир дар Дубай мебошад, гуфт:”Афғонистонро дар шароити бидуни кадр қарор додан, ҷуз хиёнат аз ҷониби шарикони байналмилалӣ чизи дигаре нест”.

Ӯ бо зикр аз ваҳшату вазъияти бад дар фурудгоҳи Кобул изҳор дошт, ки агар аз як тараф ин тарс аз Толибон бошад, ки дар гузашта бо таърифи нодурусти шариати исломӣ зӯргӯиҳоро раво медиданд, аз тарафи дигар гунаҳкорони асосӣ роҳбарони ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ мебошанд, ки ин заминаро фароҳам сохтанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҷо Байден, раисиҷумҳури ИМА эълон дошт, ки сарфи назар аз ҳамлаҳои охири террористӣ дар фурудгоҳи Кобул тахлияро давом медиҳанд.

Байден гуфт: “Мо намегузорем, террористон монеи рисолати мо шаванд. Мо тахлияро идома медиҳем. Раҳбарияти низомӣ дастур гирифтаст, ки то 31 август бо тамоми имконот тахлияро анҷом диҳанд”.

Байден ҳамчунин тасдиқ кард, ки баъди ин сана низ эҳтимол афроде хоҳанд буд, ки ниёз ба берун овардан хоҳанд дошт.

Дар мавриди эҳтимоли созиши ДИИШ ва Толибон дар ҳамлаҳои охир, раисиҷумҳури ИМА изҳор доштаст, ки чунин далелро дар даст надоранд. Ӯ афзудааст, ки бо Толибон дар тамосанд, то аз ҳамлаҳо дар оянда ҷилавгирӣ карда шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад