Боздошти даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Полша

Масъулони Хадамоти марзбонии Полша (Лаҳистон) рӯзи 25-уми август хабар доданд, ки 59 нафарро ҳангоми ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади Беларус дастгир кардаанд.

Масъулони Хадамоти марзбонии Полша (Лаҳистон) рӯзи 25-уми август хабар доданд, ки 59 нафарро ҳангоми ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади Беларус дастгир кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Полша, аксар афроди боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ироқ ҳастанд. Дар умум дар як рӯз марзбонони Лаҳистон аз 100 мавриди кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ кардаанд.

Украинаву Беларус бо Полша – кишвари узви Иттиҳоди Аврупо – марзи муштарак доранд. Дар давоми ду-се соли охир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ин қаламравро бо ҳадафи роҳ ёфтан ба Аврупо ва гирифтани паноҳандагӣ истифода кардаанд.

Аз соли 2015 ба ин тараф садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои паноҳҷӯйӣ ва кору иқомат ва таҳсил ба кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла ба Полша рафтаанд. Дар миёни онҳо ҷонибдорони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, “Гуруҳи 24”, хабарнигорону тоҷирон, ҳомиёни ҳуқуқ ва пайравони равияҳое ба монанди салафия низ ҳастанд.

Аксари ин афрод далели паноҳҷӯйӣ дар кишварҳои аврупоиро ба таъқибу саркӯб ва фишори афзоянда болои дигарандешон дар Тоҷикистон ва парвандаҳои сохта ба зидди онҳо рабт медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон баъзе аз онҳоро ба терроризму ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар кишвар муттаҳам кардаанд.

Чанд сол пеш Зариф Ализода, он вақт дар мансаби Омбудсмени Тоҷикистон, гуфта буд, аксари онҳое, ки дар Аврупо паноҳгоҳ талаб кардаанд, “муҳоҷирони дирӯзаи тоҷики муқими Русия ва Украина мебошанд ва дар Тоҷикистон онҳоро касе таъқиб намекунад.”

Мақомоти Полша гуфтаанд, соли 2016-ум 539 шаҳрванди Тоҷикистон дар Полша ё Лаҳистон соҳиби паноҳанда шуда буданд.

Албата бояд  ин нуктаро ёдовар шавем, ки  шояд хели аз шаҳрвандони оди ва бедуни мушкилоти сиёси ва …. аз фурсат истифода карда барои кор ва даромадҳои иқтисоди , бо баҳонаҳои мухталиф худро вориди Полша кишварҳои урупои кардаанд.

Вали набояд ин ҳақиқатиро инкор куним , ки ҳукумати Тоҷикистон мушкилоти шадиди сиёси ва ҳуқуқиро болои ҷонибдорони ҳизби  наҳзати исломӣ, “Гуруҳи 24”, хабарнигорону тоҷирон, ҳомиёни ҳуқуқ ва … ба вуҷуд оварда аст. то ҷои, ки хели аз онҳоро зиндони карда ва бақия аз тарси ҳукумати раҳмон ба кишварҳои мухталиф аз ҷумла ба Полша паноҳ бурдаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад