Нишасти дурӯза, аммо бенатиҷаи ҳукумати Афғонистону Толибон дар Қатар

Бо вуҷуди инки интизор мерафта дар нишасти Қатар як тавофуқ бар сари оташбаси 3-моҳа сурат бигирад, аммо ни музокирот натиҷа надод.

Бо вуҷуди инки интизор мерафта дар нишасти Қатар як тавофуқ бар сари оташбаси 3-моҳа сурат бигирад, аммо ни музокирот натиҷа надод. Гуфтушуниди дурӯзаи ҳайати ҳукумати Афғонистон бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва Мулло Ғанӣ Бародар раиси ҳайати гуфтугӯкунандаи гуруҳи “Толибон” дар Қатар бидуни натиҷае ба поён расид.

Пеш аз оғози ин музокирот умедвориҳо шуда буд, ки дар назар аст ҷонибҳо ба як тавофуқи қатъи оташбас барои семоҳ даст ёбанд. Аммо тавре сухангӯйи “Толибон” дар Твиттараш навиштааст, чунин тавофуқе ба даст наомад.

Ҳайатҳо пас аз тамоми шудани музокироти дурӯза, соати 10:30 шаби якшанбе ба вақти Қатар дар як нишасти хабарӣ баъзе паҳлуҳои  ин гуфтушунидашонро эълон карданд. Ин нишасти рӯзи ҷумъа дар Давҳаи Қатар оғоз шуда буд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар ин нишасти хабарӣ аввал сухан мекард, гуфт, ки музокирот дар ҳафтаҳои баъдӣ идома мекунад.  Ҳарчанд ду тараф дар ин нишасти хабарӣ дар бораи тавофуқҳояшон қузъиёти бештаре надоданд, аммо Муҳаммад Наим, сухангӯйи “Толибон” дар Тиветтараш як эъломияи иборат аз 6 моддаро нашр карда ва гуфтааст, ки ду тараф барои идомаи музикрот тавофуқ карданд.

Дар моддаи чаҳоруми ин эъломия омадааст, ки “тамоми тарафҳо итминон медиҳанд, ки дар сартосари Афғонистон аз зербиноҳои мулкӣ муҳофизат сурат мегирад. Аз талафоти мулкӣ ҷилавгирӣ менамоянд ва дар мавриди кӯмакҳоми башарӣ ҳамкорӣ менамоянд. Бо таваҷҷуҳ ба густариши  чашмгири вируси ҳамагири COVID 19 дар сартосари Афғонистон, тамоми иқдомоти муносибро барои кормандони воксинзанӣ анҷом хоҳанд дод ва аз ҳамлу нақли оксиген ва соири маводи зарурӣ ба шакли шафоф, барои табобати нафарони гирифтори беморӣ монеае пеш намеоранд”.

Ҳамчунин таърихи дақиқи музокироти ҳайатҳои музокиракунанда маълум нест, ки онҳо кай ба идомаи музикрот бармегарданд, танҳо гуфта шудааст, ки дар ҳафтаҳои баъдӣ музокиротро оғоз мекунад.

Дар пасманзраи хуруҷи неруҳои НАТО ва Амрико, гурӯҳи Толибон мавқеияти нуфуз дар Афғонитонро пайдо кардааст ва бар асоси иддаои худашон беш аз 90% аз ин кишварро дар тасарруфи худ даровардаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад