Баста шудани марзҳо байни Тоҷикистон ва Узбекистон

Бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, омадушуди сокинон сар аз имрӯз тавассути ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон қатъ шудааст.

Субҳи имрӯз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон (Тcell) бо ироаи паёмаки телефонӣ ба шаҳрвандон аз басташавии марзҳо миёни ин ду кишвар хабар дод.

Дар сарҳади миёни кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон 16-гузаргоҳи марзӣ мавҷуд аст, ки ҳоло рафтуомади сокинон аз ҳарду ҷониб қатъ карда шудааст.

Гуфта мешавад, ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус буда, аз сӯи ҳукуматҳои ду ҳамсоякишвар гирифта шуда ва гуфта мешавад ин ҳол муваққатӣ аст.

Дар паёми ширкати Tcell омадааст: “Бо ташабуси Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумхурии Тоҷикистон, ба таваҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ расонида мешавад, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сирояткунандаи короновирус (COVID-2019) аз соати 06:00 дақиқаи субҳи 23.03.2020 муваққатан тамоми намуди рафтуомад тавассути сарҳадоти Тоҷикистон ва Узбекистон (ба ғайри воситаҳои нақлиёти боркаш) қатъ карда мешавад”.

Ҳамчунин, аз фардо дар Узбекистон ҳаракати кулли нақлиёти ҷамъиятӣ бо пойтахти ин кишвар ва вилоятҳо бинобар сабаби пешгирии паҳншавии коронавирус муваққатан қатъ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, нахустин ҳолати мубталои ин беморӣ дар Узбекистон 15 март сабт шуд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, то шоми 22 март дар Узбекистон 43 ҳолати сироятёбӣ бо вируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад