Тавтеаи ҷадид дар Арабистони Саудӣ дар сояи буҳрони вируси корона

Муҷтаҳид, ифшогар ва интиқодгари сиёсатҳои Арабистони Саудӣ аз тевтеаҳои ҷадид дар ин кишвар хабар додааст.

Ифшогари маъруф дар Арабистони Саудӣ ифшо кард, ки тавтеаҳое барои сӯиистифода аз шароити ба вуҷуд омада дар сояи паҳншавии корона, барои расидани Муҳаммад ибни Салмон ба подшоҳии Арабистон вуҷуд дорад.

Муҷтаҳид, корбари маъруфи Саудӣ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер ифшо кард, ки Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон пешниҳоде аз сӯи шахсе ба ном ихтисории С.Қ дарёфт карда мабни бар инки аз шароити ба вуҷуд омада дар кишвар ба сабаби паҳншавии корона ба нафъи худ истифода кунад.

Муҷтаҳид идома дод, ки ин шахс ба Ибни Салмон пешниҳод карда то аз шароити манъи омадушуд ва рехтани нигаҳбонҳо ба хиёбонҳо истифода карда ва эълон кунад, ки ба далели тавсияи пизишкони Малик Салмон, подшоҳи Арабистон, вай идораи умури мамлакатро ба даст мегирад. Пас аз инки мардум ба ин шароит одат карданд, Ибни Салмон ба падараш бигӯяд, ки аз мансаби худ канорагирӣ карда ва ӯро барои подшоҳӣ муаррифӣ кунад.

Шаби гузашта мақомоти Саудӣ маҷбур шуданд то дар сояи паҳншавии вируси корона дар ин кишвар ба муддати 21 рӯз манъи омадушуди шабона дар ин кишвар эълон кунанд.

Вазорати беҳдошти Саудӣ рӯзи якшанбе аз афзоиши омори мубталоён ба вируси корона ба 511 нафар дар ин кишвар хабар дод

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад