Вазири хориҷаи Амрико дар як сафари ғайримунтазира вориди Кобул шуд

"Майк Помпео", вазири хориҷаи Амрико дар як сафари эълом нашуда субҳи имрӯз вориди Кобул пойтахти Афғонистон шуд.

Ба гузориши хабарнигори сайти Афғонистон, хабаргузории “Форс”, ҳамзамон бо шуюи коронавирус, дар Афғонистон, “Майк Помпео”, дар як сафари эълом нашуда, субҳи имрӯз вориди Кобул пойтахти Афғонистон шуд.

Ба навиштаи шабакаи “Ассошиэйтед Прес”, токунун дарбораи далели ин сафар ба Афғонистон, ҷузъиёте ироа нашудааст, аммо ба назар мерасад буҳрони сиёсии ношӣ аз интихобот ва талош барои иҷрои тавофуқномаи сулҳи Амрико ва толибон далели аслии сафари Помпео ба Кобул бошад.

Ин дар ҳоле аст, ки Абдуллоҳ ва Ғанӣ, ба сурати ҳамзамон худро раиси ҷумҳури Афғонистон, эълом карда ва миёнҷигарии “Залмай Халилзод”, намояндаи Амрико дар умури Афғонистон низ натавониста ин ду сиёсатмадори афғонро барои ҳаллӣ мушкилоти пешомада розӣ кунад.

Субҳи имрӯз низ вазорати хориҷаи Қатар аз тавофуқ миёни давлати Афғонистон ва толибон барои табодули зиндониён хабар дода буд.

Вазорати хориҷаи Қатар ҳамчунин эълом кардааст, ки ду тараф дар заминаи листи зиндонён, ва ҳамчунин макони табодули зиндонён низ ба тавофуқ расидаанд ва қарор аст ин тавофуқ ба далели масоили мухталиф аз ҷумла шуюи коронавирус ҳарчи сареътар иҷроӣ шавад.

Бар асоси тавофуқи Амрико ва толибон ва барои оғози музокирот, Вашингтон қавли озод созии беш аз 5 ҳазор зиндонии ин гурӯҳро дода буд, мавзӯе, ки Ашраф Ғанӣ эълом кард, дар салоҳияти давлати Афғонистон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад