Танишҳо бо Толибон тиҷорати Покистон бо Осиёи Марказиро халалдор кардааст

Бар асари танишҳои сиёсӣ ва иҷтимое, ки байни Ҳукумати муваққати Толибон дар Афғонистон ва Покистон рух додааст, тиҷорат байни Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ халалдор шудааст.

Бар асари танишҳои сиёсӣ ва иҷтимое, ки байни Ҳукумати муваққати Толибон дар Афғонистон ва Покистон рух додааст, тиҷорат байни Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ халалдор шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Толибон таҳдид кардаанд, ки агар Покистон ба таваққуфи гузаргоҳҳои марзӣ байни ду кишвар идома диҳад, Ҳукумати муввақат барои ҳамеша ин гузаргоҳҳоро мебандад.

Ба қавли ин манобеъ, дар ҳоли ҳозир 5 гузаргоҳи марзӣ, ки молу колоҳои тиҷоратӣ байни Покистон ва Афғонистон аз тариқи онҳо интиқол дода мешаванд, ҳанӯз як ҳафта мешавад, ки мутаваққиф шудааст.

Пеш аз ин Нахуствазири муваққати Покистон Анворулҳақ Кокар гуфта буд, ки қочоқи бархе молу колоҳои тиҷоратӣ аз Афғонистон ба Покистон ба иқтисоди ин кишвар зарар овардааст. Вай аз мақомоти кишвараш хоста буд, ки назорат аз болои гузаргоҳҳои марзии Турхам, Чаман, Ғуломхонро сахттар кунанд.

Гузаргоҳи Турхам, ки яке аз бузургтарин гузаргоҳҳои интиқоли молу колоҳои тиҷоратӣ байни Покистону Афғонистон аст ва аксари молу колоҳои транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистону Узбекистон низ аз ҳамин масир интиқол дода мешаванд, як ҳафта боз баста аст.

Баста шудани ин гузаргоҳҳоро ҷониби Покистон дар надоштани шиноснома, виза ва набудани ҳуҷҷатгузориҳои дуруст аз ҷониби ронандагони мошинҳои борбарии Афғонистон арзёбӣ мекунанд. Аз сӯи дигар, Толибон ҳам дар муқобил назорат аз болои шиноснома, виза ва дигар асноди ронандаҳои мошинҳои борбарии покистониро сахттар кардаанд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки дар натиҷаи танишҳои сиёсӣ вазъи интиқоли молу колоҳои тиҷоратӣ ва транзитӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ байни Покистон ва Афғонистон ба мушкил дучор мешавад. Дар гузашта низ ин мушкил борҳо такрор шуда, дар натиҷа садҳо нафар аз тоҷироне, ки ба тиҷорати мева ва сабзавоту дигар маҳсулоти кишоварзӣ машғул ҳастанд, даҳҳо ҳазор доллар зарар дидаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Корвони нахустин мошинҳои борбар аз Покистон тариқи Чин вориди Тоҷикистон шудаанд.

То кунун Тоҷикистон молу маҳсулотро аз Покистон бо убур аз хоки Афғонистон ворид мекард.

Рӯзи 1-уми апрел корвон аз роҳи нав ба Душанбе расид.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар маросиме гуфтааст, боркашонӣ аз ин тариқ дар пайи бастани созишнома бо Покистону Чин дар соли 2022 ба даст омад.

Ӯ афзудааст, ин роҳ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба бандари баҳрии Карочӣ ва Гвадари Покистон бирасад.

Ба иттилои расмӣ, роҳи мошинҳое, ки аз Исломобод тариқи хоки Чин то Душанбе мерасанд, 1044 километр аст. Ин роҳ тақрибан ба роҳи Исломобод-Кобул-Душанбе як аст.

Мақомот расман шарҳ надодаанд, ки чаро роҳи дигареро барои боркашонӣ аз Покистон интихоб карданд, вале зоҳиран Тоҷикистон аз амнияти роҳ тариқи Афғонистон нигарон аст ва ин роҳро амнтар медонад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад