Роҳи нав аз Покистон то Тоҷикистон барои мошинҳои борбар

Корвони нахустин мошинҳои борбар аз Покистон тариқи Чин вориди Тоҷикистон шудаанд.

Корвони нахустин мошинҳои борбар аз Покистон тариқи Чин вориди Тоҷикистон шудаанд.

То кунун Тоҷикистон молу маҳсулотро аз Покистон бо убур аз хоки Афғонистон ворид мекард.

Рӯзи 1-уми апрел корвон аз роҳи нав ба Душанбе расид.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар маросиме гуфтааст, боркашонӣ аз ин тариқ дар пайи бастани созишнома бо Покистону Чин дар соли 2022 ба даст омад.

Ӯ афзудааст, ин роҳ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба бандари баҳрии Карочӣ ва Гвадари Покистон бирасад.

Ба иттилои расмӣ, роҳи мошинҳое, ки аз Исломобод тариқи хоки Чин то Душанбе мерасанд, 1044 километр аст. Ин роҳ тақрибан ба роҳи Исломобод-Кобул-Душанбе як аст.

Мақомот расман шарҳ надодаанд, ки чаро роҳи дигареро барои боркашонӣ аз Покистон интихоб карданд, вале зоҳиран Тоҷикистон аз амнияти роҳ тариқи Афғонистон нигарон аст ва ин роҳро амнтар медонад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон якчанд созишномаи байналмилалиро ба тасвиб расонд, ки созиш бо ҳукумати Покистон дар бахши ҳамлу нақл аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии исломии Покистон дар бораи тиҷорати транзитӣ ба тасвиб расид.

Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ дод.

Идомаи матлаб дар …   

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад