Ҳамалоти мушакии сангини Ҳизбуллоҳи Лубнон ба Исроил

Расонаҳои ибрӣ забони Исроил ҳаҷми сангини ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнонро таъйид карданд ва онро ваҳшатнок тавсиф намуданд.

Ба гузориши хабаргузории Ал-Маёдин, расонаҳои ибрӣ забони Исроил дар гузорише ба ҳаҷми сангини ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон пардохтаанд ва онро ваҳшатнок тавсиф намуданд.

Аз ҷумла рӯзномаи Haaretz дар гузориши худ перомуни ҳамлаи ахири Ҳизбуллоҳи Лубнон навиштааст, ки байни 10 то 15 гулӯла дар минтақаи Марглиот суқут кард ва боиси қатъи барқ дар шаҳрак шуд, аммо ҳеҷ ожири хатаре ба садо дарнаёмад.

Пеш аз ин, Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом карда буд, ки шаҳраки Марглиот дар шимоли Фаластини ишғолиро бо даҳҳо мушаки Катюша ҳадаф ҳамла қарор додааст.

Дар ҳамин иртибот муқовимати исломии Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, ки дар вокуниш ба куштори Ҳанин, шаҳраки «Марглиот» бо даҳҳо мушаки Катюша ҳадаф қарор гирифт.

Муқовимати исломии Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин эълом кард, ки сарбозони душмани исроилӣ дар шаҳраки Ал-Манора дар сохтумоне, ки дар он мустақар буданд, ҳадаф гирифта шуданд.

Расонаҳои низомӣ дар муқовимати исломии Лубнон эълом кардаанд, ки то кунун 1998 амалиёт дар ҷабҳаҳои пуштибонии Лубнон, Яман ва Ироқ тайи 200 рӯз анҷом шудааст.

Пештар низ Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияҳое аз ҳамлаҳои ҷадиди худ алайҳи низомиён ва мавозеъ артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ хабар дода буд.

Идораи иттилоърасонии ҷангии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин баёния таъкид кард: дар ҳимоят аз миллати пойдори Фаластин дар Навори Ғазза ва муқовимати шуҷоъ ва шарифи онон, размндагони муқовимати исломӣ соати 2:35 асри имрӯз сешанбе бистусуми апрели 2024 таҷаммӯъи низомиёни душмани Исроилиро дар атрофи мавзеъи Ал-Асӣ бо таслиҳоти муносиб ҳадаф гирифтанд ва онро ба сурати мустақим мавриди исобат қарор доданд.

Ҳамчунин дар баёнияи дигари Ҳизбуллоҳи Лубнон омадааст: дар ҳимоят аз миллати пойдори Фаластин дар Навори Ғазза ва муқовимати шуҷоъ ва шарифи онон, размндагони муқовимати исломӣ соати 4:10 асри дирӯз сешанбе бистусуми апрел 2024 мавзеъи Радар дар мазореъи ишғолии Шабъоро бо таслиҳоти мушакӣ ҳадаф гирифтанд ва онро ба сурати мустақим мавриди исобат қарор доданд.

Илова бар ин мавзеъи саҳюнистӣ «Рависотул Илм» воқеъ дар тапаҳои ишғолии Кафаршаъбо низ аз сӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳадаф ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин низомиёни артиши режими саҳюнистӣ дар минтақаҳои ишғолии «Ҳарш Ромим» ва «Тала Ал-Коринтина» воқеъ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ аз сӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон бо гулӯлаҳои тӯпхона ҳадаф қарор гирифтанд.

Расонаҳои режими сҳиунистӣ низ гузориш доданд, ки 5 мушак аз самти Лубнон ба сӯи «Мерглиот» шиллик шуда ва ожири ҳушдор дар ин минтақа ба садо даромадааст.

Аз сӯи дигар ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон низ идома дорад. Хабаргузории расмии Лубнон гузориш дод, ки тӯпхонаи артиши режими палид ва ҷинояктори саҳюнистӣ «Води Ал-Баёз» ва минтақаи «Ас-Соқия» дар шаҳраки «Ҳавала» воқеъ дар ҷануби Лубнонро ҳадаф қарор додааст.

Хабарнигори Ал-Маёдин дар ҷануби Лубнон низ аз ҳамлаи ҳавоии артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба шаҳраки «Белида» ва ҳамлаи тӯпхонаии артиши ин режими хуношом ба атрофи «Ҳавала» ва «Водии Шабаъо» дар ҷануби Лубнон хабар дод.

Ҳамчунин расонаҳои низомӣ дар муқовимати исломии Лубнон эълом кардаанд, ки то кунун 1998 амалиёт дар ҷабҳаҳои пуштибонии Лубнон, Яман ва Ироқ тайи 200 рӯз анҷом шудааст.

Пештар низ Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияҳое аз ҳамлаҳои ҷадиди худ алайҳи низомён ва мавозеъи артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ хабар дода буд.

Идомаи амалиётҳои муқовимати исломии Фаластин дар Ғазза

Дар ҳамин робита гурӯҳҳои муқовимати Фаластин амалиётҳои мухталиферо алайҳи низомиён, ҷангафрӯзҳо ва шаҳракҳои саҳюнистӣ ба анҷом расонданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, бо вуҷуди гузашти 200 рӯз аз оғози амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” дар ҳафтуми октябри соли гузаштаи мелодӣ амалиётҳои муқовимати Фаластин алайҳи низомиён, ҷангафрӯзҳо ва шаҳракҳои саҳюнистӣ идома дорад.

Гурдонҳои «Абу Алӣ Мустафо» эълом кард, ки муборизони ин гурдонҳои дар посух ба ҷиноятҳои ишғолгарон алайҳи миллати мазлуми Фаластин низомиёни артиши режими саҳюнистиро дар шарқи «Ҷаболиё» ва атрофи «Натсарим» бо хумпораи сангин ҳадаф қарор додаанд.

Гурдонҳои «Шуҳадои Ал-Ақсо» низ таъкид кард, ки муборизони ин гурдонҳо ҷангафрӯзҳои артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистиро дар шарқи гӯристони шарқӣ воқеъ дар шимоли Навори Ғазза ҳадафи ҳамлаи хумпораӣ қарор додаанд.

Неруҳои «Шаҳид Умар Ал-Қосим» низ эълом кард, ки зӯҳри дирӯз шаҳраки саҳюнистии «Ниръом» воқеъ дар атрофи Навори Ғаззаро бо мушакҳои сангин ҳадаф қарор додааст.

Илова бар ин зӯҳри имрӯз гурдонҳои Қудс шохаи низомии ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин эълом кард, ки шаҳракҳои саҳюнистнишини Садирот ва Ниръом ва чанд шаҳраки дигарро дар муҷовирати Навори Ғазза дар посух ба ҷиноятҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ алайҳи миллати мазлуми Фаластин, мушакборон кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад