Путин: Усулҳои террористон рӯз аз рӯз мураккабтар ва ваҳшиёнатар мешавад

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар як паёми видеоӣ гуфт: "Усулҳои террористон рӯз то рӯз мураккабтар ва бераҳмтар мешаванд ва инро бори дигар ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Крокус Сити дар наздикии Маскав нишон дод."

Ба гузориши ТоҷикПресс, Путин дар як паёми видеоӣ ба ширкаткунандагони 12-умин нишасти байналмилалии сатҳи баланд аз намояндагони масъули масоили амниятӣ, ки Шӯрои амнияти Федератсияи Русия дар Санкт-Петербург баргузор кард, гуфт: “Усулҳои террористон рӯз то рӯз мураккабтар ва бераҳмтар мешаванд ва инро бори дигар ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Крокус Сити дар наздикии Маскав нишон дод.”

Путин гуфт, ки терроризм яке аз ҷиддитарин таҳдидҳои қарни 21-ум мебошад.

Раисҷумҳури Русия таъкид кард, ҳадаф аз ҳамлаҳои террористӣ, ки аз ҷониби хадамоти кашфии бархе аз кишварҳо низ пуштибонӣ мешавад, заиф кардани пояҳои конститутсия ва ноором кардани ҳукуматҳои мустақил аст.

Путин гуфт, хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ошкор кардани тамоми ҷузъиёти ҳамлаи террористӣ дар Крокус Ситиро идома медиҳанд.

Вай афзуд, Хадамоти истихборот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия созмондиҳандагон, маблағгузорон ва созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ дар Крокусро муайян мекунанд.

Раисҷумҳури Русия илова кард, ҳеҷ яке аз иштирокчиёни ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити набояд аз муҷозот гурезад.

Владимир Путин эълом кард, ки Русия омода аст, ки бо тамоми шарикони манфиатдор дар таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ зич ҳамкорӣ кунад.

Путин ҳифзи арзишҳои маънавиро муҳимтарин шарти таҳкими соҳибихтиёрии кишварҳо номид

Раисҷумуҳри Русия дар ин паёми видеоӣ хитоб ба иштирокчиёни 12-умин Нишасти байналмилалии намояндагони баланд пояи масъули мақомоти аниятӣ гуфт: “Албатта, муҳимтарин шарти таҳкими соҳибихтиёрӣ ва амнияти кишварҳо ҳифзу нигаҳдории арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқӣ аст. Тавре ки таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, кишварҳое, ки ҳувияти миллӣ ва асолати мардуми худро ҳифз намуда, хотираи аҷдодии худро гиромӣ доранд ва ҳамзамон ба дигар фарҳангҳо ва анъанаҳои онҳо эҳтиром доранд, пайваста ва мустақилона рушд мекунанд.”

Раисиҷумҳури Русия афзуд: “Ин бархӯрд имрӯз, ки низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ ташаккул меёбад, дар ҳоле муҳим аст, ки тавозуни неруҳои ҷаҳонӣ тадриҷан ба нафъи аксарияти ҷаҳон тағйир ёфта, марказҳои нави рушд фаъолона таҳким меёбанд. ”

Ҷаласаро Шӯрои амнияти Федератсияи Русия дар Санкт-Петербург баргузор мекунад.

Владимир Путин дар ҳоле нисбат ба таҳдиди терроризм ҳушдор медиҳад, ки ҳамлаи террористӣ ба толори консертии Крокус Сити дар наздикии Маскав дар шомгоҳи 22 март 144 кушта ва 695 захмӣ бар ҷой гузошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад