Фурӯ рехтани 7 сутуни Исроил – 02

Саҳюнистҳо имрӯз бештар аз ҳар замоне ба фикри рафтан ё мондан дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳастанд, зеро дар асари ҳаводиси чанд соли ахир ба хусус баъд аз амалиёти “Тӯфони ал-Ақсо” ва амалиёти “Ваъдаи содиқ” ҳафт сутуни режими хабис фурӯ рехта ва ин шикаст ҳамчунон идома дорад.

Солҳо пеш ба тадриҷ як миллион саҳюнист қасд карданд, ки дигар ба Фаластини ишғолӣ барнагарданд, аз ин рӯ ба кишварҳои ғарбӣ рафтанд. Бо ин ҳол 6-7 миллион саҳюнист ҳамчунон боқӣ монданд. Онҳо дар ҳафтоду ҳафтумин соли ишғолгарӣ бо мушкили бақои режим рӯбарӯ ҳастанд, дағдағае, ки аз оғоз ҳамзоди Телавив будааст. Саҳюнистҳо пас аз 7 октябр шароити хоссе барои тасмимгирӣ касб карданд. Ин шароит онҳоро водор мекунад то барои мондан ё рафтан беҳтар тасмим бигиранд. Ҳарчанд инсон дар интихоб озод аст, аммо интихобҳои дуруст бештар ба раҳоӣ ва интихобҳои нодуруст ғолибан ба гирифторӣ меанҷомад. Яҳудиёне, ки солҳо пеш тасмим гирифтанд, ки режимро раҳо кунанд, имрӯз ба тасмими худ меболанд ва афроде, ки нахостанд ё натавонистаанд афсӯси зиёд доранд. Чӣ меъёрҳое тағйир ёфта, ки ин гурӯҳ гирифтори тарс ва изтироб ва водор ба тасмимгирии ҷиддӣ намоянд? Дар ин навишта ба чанд далели муҳими ин вазъият ишора мешавад.

  1. Фурӯ рехтани сутуни ҳифзи мавҷудият

 Пас аз ҳамлаи муқовимати исломӣ дар Ғазза дар таърихи 7 октябри 2023, вазъияти сарзаминҳои ишғолӣ ба андозае барҳам хӯрд, ки сарони кишварҳои ғарбӣ пушти сари ҳам ё ҳамзамон ба сӯи Телавив шитофтанд. Ин ошуфтагӣ боис шуд, ки амрикоиҳо мудирияти вазъиятро ба даст гирифта ва Сентком низ фармондеҳони аслии худро ба сарзаминҳои ишғолӣ бифиристад. Ҳуҷуми раҳбарон ва сохторҳои ғарбӣ мисли Сентком инро ошкор сохт, ки умқи вобастагии саҳюнистҳо хеле бештар аз бардоштҳои гузашта аст. Ин падида аз як сӯ нишон дод, ки ғарб барои дороии стратегии худ дар ғарби Осиё аҳамияти боло қоил аст ва аз сӯи дигар ошкор сохт, ки Телавив дар даҳаи ҳаштуми мавҷудияти худ ҳамчунон ба нафасҳои маснуӣ ниёз дорад. Бо ин вуҷуд умқи вобастагии саҳюнистҳо ба ғарб ҳамчунон беш аз чизе буд, ки дар амалиёти Тӯфони ал-Ақсо дар 7 октябри 2023 ошкор шуд. Бар ҳамин асос буд, ки амалиёти Ваъдаи содиқ дар 14 апрели 2024 зарбаи хеле муассир бар пайкари саҳюнистҳо буд, зеро умқи болотаре аз ин вобастагиро ошкор кард. Саҳюнистҳо барои муқобила бо посухи Эрон аз ҳимояти наздик ба 30 кишвар баҳра бурданд, ки аз назари сиёсӣ, иттилоотӣ ва фаннӣ аз Телавив ҳимоят карданд. Ин ҳимоят дар чанд марҳила анҷом шуд:

  • таҳдиди Эрон ё дархост аз Теҳрон барои худдорӣ аз посух;
  • дархост ин ки агар ҳатман посух медиҳед, амалиёт бузург набошад.
  • 10 кишвар бо имконоти худ барои раҳгирии партобҳои Эрон ба кумаки режим омаданд, аммо дар пешгирӣ аз расидани мушакҳо ва паҳподҳо ба аҳдоф номувафақ амал карданд.
  • пас аз амалиёт низ занҷирае аз муздурони ғарб дар саросари ҷаҳон барои кӯчакнамоии амалиёти Эрон фаъол шуда ва иддао карданд, ки тамом, 99 ё 86 дарсади мушакҳои Эрон раҳгирӣ шудаанд. Ҳатто иддао карданд, ки мушакҳои Эрон нақс доштанд. Майк Пампео, вазири хориҷаи давлати Трамп, ки муддате раиси созмони ҷосусии Амрико – CIA- буд, иддао кард, ки вай дар даврони мудирияташ тавонистааст қитъаҳои маъюбро дар барномаи мушакии Эрон ҷо кунад. Сензураи шадид аз осори ин посухи Эрон бар тамоми фазои расонаии режим ва ҳомиёнаш ҳоким буд ва ҳамчунон идома дорад.
  1. Фурӯ рехтани сутуни ҳимоятҳои мардум ва давлатҳои ғарбӣ

 Саҳюнистҳо бо ғарб дар сатҳи миллатҳо ва давлатҳо вориди рӯёрӯӣ ва зиддият шудаанд. Барои моҳҳо демократияҳои ғарбӣ бархилофи назари аксарияти мардум ба ҳимоят аз ҷиноятҳои режим пардохтанд ва шарме аз ин кори худ надоштанд, аммо Телавив баъд аз муддате ҳатто зидди манофеи давлатҳои ғарбӣ шуд. Агар бо назар ба амалкарди давлатҳои ғарбӣ, миллатҳо ва давлатҳо ҷудогона баррасӣ шаванд, дар сатҳи мардумӣ саҳюнистҳо дубора бо рушди «яҳудиситезӣ» дар ҷавомеи ғарбӣ рӯбарӯ шуданд. Ин мавзуъ бо диққат ба ин ки давлатҳои ғарбӣ дар оғози ҷанг назари мардумашонро нодида мегирифтанд, нишонаи норасоӣ дар демократияи ин кишварҳо буд, аммо ба гузари замон ва эҷоди мушкил миёни давлатҳои ғарбӣ бо Телавив, вазъият фарқ кард. Давлатҳои аврупоӣ нигаронанд, ки бо густариши ҷанг дар ғарби Осиё бар асари иқдомоти режим, сели муҳоҷирон роҳии Аврупо шаванд, ки зарбаҳои иқтисодӣ, ҳувиятӣ ва амниятии зиёде барои қорраи сабз дорад. Онҳо ҳамчунин аз ин падида ҳаросонанд, ки ҷанг дар ғарби Осиё манобеъ ва диққатҳоро аз ҷанги Украина тағйир дода ва ба пирӯзии Русия дар баробари қорраи сабз тамом шавад. Зиддияти суди Телавив бо давлатҳои ғарбӣ сабаб шуда давлатҳое, ки ба назари миллатҳояшон дар бораи ҷиноятҳои режим аҳамият намедоданд, нигоҳҳои мардумиро ба абзоре барои пешбурди иқдомоташон зидди саҳюнистҳо табдил кунанд. Бар ҳамин асос ин давлатҳо бо пеш кашидани масъалаи истиқлоли Фаластин ба дунболи эҷоди абзоре барои контроли давлати Нетаняҳу ҳастанд то гирифтории бузург барои Аврупо эҷод накунад. Бар ҳамин асос буд, ки кишварҳои аврупоӣ монанди Фаронса, ки ҳақи вето дорад, бо Молт ва Словакия дар ҷаласаи Шӯрои амният барои баррасии дархости узвияти Фаластин дар СММ, ба ин узвият раъйи мусбат доданд. Англис ва Швейтсария низ тасмим гирифтанд, ки бархилофи равияҳои пешини худ дар ҳимояти комил аз режим, ба ин дархост раъйи бетараф диҳанд, ҳарчанд Амрико онро вето кард.  Ин зиддият рӯз ба рӯз бештар ва осори он равшантар хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад