Дархости Созмони Милал бар коҳиши танишҳо дар Ховари Миёна

Муовини сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо таъкид бар зарурати коҳиши танишҳо дар Ховари Миёна тасреҳ кард: Созмони Милал хоҳони таваққуфи ҳамаи иқдомоти талофиҷӯёна аст ва аз ҳамаи тарафҳо мехоҳад, ки хештандорӣ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Сама Фаластин”, “Фарҳон Ҳақ” ба ниёбат аз Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид изҳор кард: Мо иқдомоти интиқомҷӯёнаро рад карда ва ба кишварҳои Ховари Миёна нисбат ба авоқиби ташдиди танишҳо ҳушдор медиҳем.

Муовини сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт: дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳи ҳалли коҳиши танишро дар гуфтугӯ миёни дутарафи [Исроил] ва Фаластин ва баҳс дар мавриди роҳи ҳалли ду кишварӣ медонад.

Фарҳон Ҳақ бо баёни ин, ки Созмони Милал хоҳони таваққуфи ҳамаи иқдомоти талофиҷӯёна аст ва аз ҳамаи тарафҳо мехоҳад, ки хештандорӣ кунанд таъкид кард: фоҷиаи инсонӣ дар Навори Ғазза бесобиқа буда ва мо хостори ирсоли кумакҳои бештар барои Фаластиниён ҳастем.

Вай афзуд: ҳеҷ пешрафте дар заминаи вуруди кумакҳо вуҷуд надошта ва барои расондани кумакҳо ба шимоли Ғазза ба ҳамкории бештаре ниёз дорем.

Фарҳон Ҳақ бо таъкид бар зарурати оташбас дар Навори Ғазза хостори рафъи ҳамаи мавонеъи бар сарироҳи ирсол ва расондани кумакҳо ба мардуми мазлуми Ғазза шуд.

Ҷанги Навори Ғазза дар ҳоле вориди саду наваду ҳафтумин рӯзи худ шудааст, ки токунун 34012 нафар ба шаҳодат расидаанд ва ҳеҷ хабаре аз оташбас нест.

Артиши режими ҷинояткор ва палиди саҳюнистӣ ба ҳамалоти густурдаи худ ба Навори Ғазза идома медиҳад ва ҳар рӯз даҳҳо нафар дар ин ҳамалот шаҳид ва маҷрӯҳ мешаванд.

Тибқи охирин омор вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза аз оғози ҷанг то ин лаҳза 34012 нафар ба шаҳодат расида ва 76833 тан ҳам захмӣ шудаанд. Шумори кӯдакони шаҳид аз 14 ҳазор нафар фаротар рафта ва беш аз 10 ҳазор зан ҳам токунун шаҳид шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад