Ибрози таассуфи Созмони ҳамкории исломӣ аз радди узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал

Созмони ҳамкории исломӣ тайи баёнияе эълом кард: Мо аз нокомии Шӯрои Амният дар тасвиби қатъномаи узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал ба сабаби ветои Амрико шадидан ибрози таассуф мекунем.

Ба гузориши Фаластин Ал-Явм, раъйгирӣ дар Шӯрои Амният бар сари узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал бомдоди имрӯз ҷумъа, 31 фарвардин ба вақти Теҳрон дар Ню-Йорк анҷом шуд ва Амрико ба унвони аслитарин ҳомии режими саҳюнистӣ, ин қътномаро вето кард.

Дар ин раъйгирӣ, ки саҳнаи инзивои Амрико дар Шӯрои Амният буд, танҳо Амрико раъйи манфӣ дод ва Англис ва Швейтсария раъйи мумтанеъ доданд. 12 узви дигар низ раъйи мусбат доданд.

Созмони ҳамкори исломӣ бо судури баёнияе аз адами қабули узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал ибрози таассуф кард.

Созмони ҳамкори исломӣ тайи баёнияе эълом кард: мо аз нокомии Шӯрои Амният дар тасвиби қатъномаи узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал ба сабаби ветои Амрико шадидан ибрози таассуф мекунем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад