Арманистон ба бозгашти 4 деҳа ба Ҷумҳурии Озарбойҷон мувофиқат кард

Дар нишасти Кумитаи давлатии таъйини ҳудуди марзҳои Арманистону Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ереван бо бозгашти 4 деҳа ба Боку мувофиқат кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Кумитаи давлатии таъйини ҳудуди марзҳои давлатӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷону Ҷумҳурии Арманистон ба раёсати Шоҳин Мустафоов, муовини нахуствазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Мангар Григорийон, муовини нахуствазири Ҷумҳурии Арманистон Кумитаи давлатии таъйини ҳудуди марзҳои давлатӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар ҳаштумин нишасти кумита дар мавриди масоили аломатгузории марзи давлатӣ ба тавофуқ расид.

Қисмҳои ҷудогонаи ин хатти марзӣ миёни деҳаҳои Бағониси Айрими Озарбойҷон, деҳаҳои Бағониси Арманистон, Ашаги Скипараи Озарбойҷон, Васкпари Арманистон, Хайримлии Озарбойҷон ва Кирантси Арманистон, Қизилҳаҷилии Озарбойҷон ва Баркабари Арманистон, ки дар солхои Хокимияти Советй марзи байнидавлатӣ буд, муайян карда шуд.

Дар ин баёния омадааст: Ҳамчунин муқарар шуд мухтассоти тавсифии ин қисматҳои хатти марзӣ бо дар назар гирифтани сиҳҳати онҳо бар асоси андозагириҳои геодезӣ таҳия ва то 15 май бино ба протоколи тарафайн мустанад ва имзо шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад