Маҷлиси намояндагони Амрико кумак ба Украинаро тасвиб кард

 Маҷлиси намояндагони Амрико кумаки чанд даҳ миллиард долларӣ ба Украина, ки барои муддате дар ин маҷлис саргардон монда буд, дар ниҳоят ба тасвиб расонд.

 

Маҷлиси намояндагони Амрико кумаки чанд даҳ миллиард долларӣ ба Украина, ки барои муддате дар ин маҷлис саргардон монда буд, дар ниҳоят ба тасвиб расонд.

Маҷлиси намояндагони ИМА бо 311 раъйи мувофиқ ва 112 раъйи мухолиф дар ниҳоят кумаки 60.84 миллиард долларӣ ба Украинаро тасвиб кард.

Ин лоиҳа акнун ба маҷлиси Сано, ки таҳти контроли демократҳо аст фиристода хоҳад шуд ва ба эҳтимоли зиёд дар онҷо ба таъйиди муттаҳидони давлати Ҷо Байден қарор хоҳад гирифт.

Ин тарҳ моҳҳо аст ба далели мухолифати шадиди бархе қонунгузорони ҷумҳурихоҳ дар Конгрес билотаклиф монда буд.

Байден аввалин бор шаш моҳи қабл хостори тасвиби ин тарҳ дар Конгрес шуд то Украинаро дар ҷанг баробари Русия кумак кунад.

Ин кумакҳо ба маънои таъмини муҳиммоти тӯпхона ва мушакҳои дифои ҳавоӣ хоҳад буд. Давлати Киев, ки ба шиддат ба ин кумакҳо ниёз дорад, борҳо аз Конгресси Амрико хоста онро тасвиб кунад чаро, ки ин кумакҳоро масъалаи маргу зиндагӣ барои Украина медонист.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад