Афзоиши ду баробарии исломҳаросӣ дар Олмон дар пайи ҷанги Ғазза

Бар асоси гузоришҳои мунташир шуда дар Олмон, таҳти таъсири таҳаввулот дар сарзаминҳои ишғолӣ ва ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, мавориди сабт шудаи исломҳаросӣ (исломофобия) дар ин кишвар, рушди ду баробарӣ доштааст. 

Ба гузориши вебгоҳи телевизионии “ñ Germany” теъдоди ҷароими зидди исломӣ ва исломофобия дар Олмон дар соли гузашта беш аз ду баробар шуда ва ин афзоиш ба ҷанги Исроил дар Навори Ғазза муртабит аст.

Ин хабаргузорӣ бо истинод ба посухи давлат ба саволи Кристоф Де Врис, намояндаи Иттиҳодияи демократи масеҳӣ, гуфт, ки 1464 маврид ҷурми марбут ба исломҳаросӣ дар соли 2023 дар сатҳи кишвар ба сабт шудааст. Ин дарҳоле аст, ки соли гузашта ин омор 610 маврид буд.

Бар асоси ин гузориш, дар се моҳаи аввали соли 2024, полис 137 маврид ҷурми муртабит бо исломҳаросиро дар саросари ин кишвар гузориш кардааст.

Хабаргузории телевизионии “ñ Germany” бо баёни ин ки афзоиши қобили таваҷҷуҳи ҷароими мубтанӣ бар нафратпароканӣ алайҳи мусулмонон бо ташдиди ҷанги Исроил алайҳи фаластиниён дар Навори Ғазза муртабит аст, хотирнишон кард, ки давлати Олмон аз 7 октябри гузашта борҳо нигаронии худро дар мавриди ташдиди нажодпарастӣ алайҳи мусулмонон иброз кардааст.

Ин хабаргузорӣ ба нақл аз Стивен Ҳебстрит, сухангӯи давлати Олмон, гуфт, ки ҳаргуна ҳамла ба мусулмонон дар Олмон, ба далоили мазҳабӣ ё далоили дигар, мутлақан ғайриқобили қабул аст.

Ин дарҳоле аст, ки эътилофи зидди исломҳаросӣ ва нафратпароканӣ алайҳи мусулмонон, ки мақарри он дар Берлин аст, нисбат ба афзоиши нажодпарастӣ алайҳи мусулмонон дар буҳбуҳаи ташдиди даргири Исроил ва Фаластин дар Ғазза ҳушдор додааст.

Рима Ханано, раиси ин эътилоф, ки як созмони ғайридавлатӣ аст, дар суханоне гуфт: Олмон шоҳиди афзоиши нажодпарастӣ алайҳи мусулмонон аст ва ин чизе аст, ки ҳамаи мо бояд нигарони он бошем ва бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Вай бо таъкид бар лузуми муҳофизат аз ҳамаи мардум дар баробари ашколи хушунат ва таҳдидҳои ғайри инсонӣ, таъкид кард: Мо набояд иҷозаи оддисозии бештари шароити ғайри инсониро бидиҳем ва дар натиҷа инсиҷоми иҷтимоиро ба хатар бияндозем.

Шоён зикр аст, ки аз ҷамъияти беш аз 84 миллион нафарии Олмон, ҳудуди 5,3 миллион мусулмон ҳастанд ва ин кишвар баъд аз Фаронса дувумин ҷомеаи мусулмони Аврупои ғарбиро дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад