Бомба борони 3 хона дар Ғазза бо даҳҳо шаҳиду захмӣ

Бомбаборони 3 манзили истиқоматӣ дар манотиқи мухталифи Ғазза токунун даҳҳо шаҳиду маҷрӯҳ аз ҷумла чаҳор кӯдаки шаҳид дар пай доштааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар бомбаборони хонае дар урдугоҳ Ябно дар маркази шаҳри Рафаҳ токунун шаҳодати ҳафт нафар аз ҷумла чаҳор кӯдак таъид шудааст; пайкари шаҳидон ба бемористони Алкувайти Рафаҳ мунтақил шудааст.

Созмони имдодрасонии Ғазза низ эълом кард, ки неруҳои имдодӣ ҳамчунон дар ҳоли оворбардории хона ва берун кашидани пайкари шаҳидон ва маҷрӯҳин ҳастанд.

Ғазза

Ҳамчунин дар бомбаборони хонае дар минтақае дар шарқи Ғазза низ токунун 2 нафар шаҳид шудаанд ва ҳамчунон 9 нафар зери овор мондаанд ва имдодгарон дар талош барои хориҷ кардани пайкари беҷон ё маҷрӯҳи онҳо ҳастанд.

Аммо дар ҷинояти дигари саҳюнистҳо, ҷангандаҳои артиши ишғолгар як хона воқеъ дар маркази шаҳри Ғаззаро ҳадаф қарор доданд хонае, ки наздики 40 нафар дар он зиндагӣ мекарданд. Ҳануз омори шаҳидон ва маҷрӯҳони ин ҷиноят нашр нашуда ва неруҳои имдодӣ дар ҳоли оворбардорӣ ҳастанд.

Ғазза

Аз сӯи дигар урдӯгоҳи Аннасирот дар маркази Ғазза, хиёбони Салоҳиддин ва минтақаи Шаъфут дар ҷануби шарқи Ғазза аз авохири шаби гузашта то соати бомдодии имрӯз ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии артиши режими саҳюнистӣ қарор дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад