Эрон: Иродаи комил барои посухи низомӣ ба Исроил ба шакли қавитар дорем

Як мақоми эронӣ дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Ал-ҷазира гуфт: Иродаи комиле барои посухи низомӣ ба режими Исроил ин бор ба шаклии қавитар дорем.

Ба гузориши ТоҷикПресс, як мақоми Эрон ба шабакаи Ал-ҷазира гуфт: Омодаи сатҳи дувум аз вокуниш ҳастем, бо таслиҳоте, ки қаблан дар тақобул бо режими саҳюнистӣ мавриди истифода қарор нагирифта анҷом хоҳад шуд.

Вай афзуд: Иродаи комиле барои посухи низомӣ ба режими Исроил ин бор ба шакли қавитар дорем.

Ин мақоми эронӣ идома дод: Режими саҳюнистӣ бояд бифаҳмад, ки рафторҳои девонавору доду фарёд бо кишваре ҳамчун Эрон роҳгушо нест.

Вай тасреҳ кард: Мо ба дунболи ҷанг нестем, аммо барои он омодаем ва агар ба мо таҳмил шавад гузинаҳои зиёде дорем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад