Кремл: Кишварҳои минтақаро ба оромиш даъват мекунем

Сухангӯи Кремл бо даъвати кишварҳои ғарби Осиё ба “оромиш” гуфт, ки Маскав хостори ҳалли ихтилофот аз тариқи роҳкорҳои сиёсӣ ва дипломатик мебошад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Димитрий Песков, сухангӯи кохи Кремл тайи изҳороте дар робита бо таниш байни Исроил ва Эрон, бо ибрози нигаронӣ аз ин мавзӯъ гуфт: Тамомии кишварҳои минтақаро ба оромиш даъват мекунем. Афзоиши таниш ба нафъи ҳеҷ кишваре нест.

Вай идома дод: Маскав хостори ҳалли ихтилофот аз тариқи роҳкорҳои сиёсӣ ва дипломатик аст.

Рӯзи гузашта сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин низ дар нишасти хабарӣ, Исроил ва Эронро ба оромиш ва коҳиши таниш дар минтақаи ғарби Осиё даъват кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад