Идомаи ҷиноятҳои ваҳшиёнаи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза

Дар яксаду наваду сеюмин рӯз аз ҷиноятҳои ваҳшиёнаи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза, манобеи фаластинӣ аз ташдиди ҳамалоти ҳавоии ин режими хабис ба марказ ва ҷануби Навори Ғазза хабар доданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, идомаи ҳамлаҳои ҳавоии режими кӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи бахшҳои мухталифи Навори Ғазза тайи бомдоди имрӯз ба манотиқи маскунӣ дар марказ ва ҷануби Навори Ғазза шуморе шаҳид ва захмӣ барҷой гузошт.

Дар ҳамлаи ҷадиди режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба шаҳри Рафаҳ воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза, ки ба манзиле дар маҳаллаи Султон сурат гирифт, токунун дасти кам 4 нафар аз ҷумла чанд кӯдак шаҳид ва дасти кам чанд тан дигар низ захмӣ шуданд.

Дар ҳамин робита вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза бо ишора ба ҳамалоти низом ёфтаи режими ишғолгар ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Ғазза гуфт: ишғолгарони ваҳшии саҳюнистӣ аз нахустин лаҳзаи ҷанг токунун 155 маркази дармониро ба куллӣ тахриб ва 3045 ҷинояти наслкушии зидди ғайри низомиён муртакиб шудааст.

Сухангӯи вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза эълом кард: режими ҷинояткор ва ваҳшии саҳюнистӣ бо иртикоби ҷинояти наслкушӣ сабаб шудааст Навори Ғазза дигар қобили сукунат набошад.

Алҷазира ба нақл аз дафтари иттилоъ расонии вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза навишт: режими ишғолгари Исроил аз нахустин лаҳзаи ҷанг ба сурати низом ёфта марокизи дармониро ҳадаф қарор додааст то ғайри низомиёнро ба муҳоҷирати иҷборӣ водор кунад ва токунун 155 маркази дармониро тахриб ва ҳадаф қарор додааст.

Аз сӯи дигар, сухангӯи вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дарғза бо ишора ба ҷиноёти башарии режими ишғолгари саҳюнистӣ эълом кард, ки аз замони оғози таҷовузи низомии саҳюнистҳо ба Навори Ғазза дар ҳафтуми октябр токунун ишғолгарон 3045 ҷинояти наслкушӣ дар ҳаққи хонаводаҳои фаластинӣ ва ғайри низомиён муртакиб шудаанд.

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза дирӯзи душанбе ҳам эълом карда буд, ки артиши режими ишғолгар ва кӯдаккуши саҳюнстӣ дар 24 соати гузашта 7 куштор ва ҷиноят алайҳи хонаводаҳои фаластинӣ дар Навори Ғазза муртакиб шуд. Дар ин ҳамалот 68 фаластинӣ, ки бештари онон кӯдак ва зан ҳастанд, шаҳид ва 94 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Сухангӯи вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дарғза афзуд: омори шуҳадо дар Навори Ғазза аз таърихи 7 октябри гузашта ба си ва се ҳазор ва 797 нафар расид ва ҳафтоду шаш ҳазору 465 нафар ҳам токунун захмӣ шудаанд.

Бино бар эъломи вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза, қариб ба 8000 нафар низ ҳамчунон мафқуд ва зери овор ҳастанд ва талош барои берун кашидани онҳо ҳамчунон идома дорад. Ҳамчунин 73 дарсад аз шуҳадо ва маҷрӯҳони ҷанг дар Ғазза зан ва кӯдак ҳастанд.

Пас аз гузашти 6 моҳ аз таҷовузи бидуни натиҷа ва дастоварди режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, ин режими хабис рӯз ба рӯз бештар дар буҳронҳои дохилӣ ва хориҷии худ фурӯ меравад.

Ва ин режими ҷинояткор тайи ин муддат дастоварде ғайр аз ҷиноят, қатли ом, вайронӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ, нақзи қавонини байналмилалӣ, бомбаборони ниҳодҳои имдодрасон ва қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар ин минтақа надоштааст.

Режими ҷинояткори саҳюнистӣ,  ин ҷангро бидуни дар назар гирифтани ҳар дастоварде дар оянда, бохта ва ҳатто пас аз 6 моҳ натавонистааст гурӯҳҳои муқовимат дар як минтақаи кӯчакро, ки солҳо дар муҳосира ин режими ҷинояткор аст, ба таслим во дорад ва ҳатто ҳамроҳии афкори умумии ҷаҳониро ҳам ба хотири иртикоби ҷиноятҳои ошкор дар Навори Ғазза, аз даст додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад