Амалиёти “Ваъдаи Содиқ” ҳамаи муодилотро тағир дод

Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз ҷинояти режими саҳюнистӣ ба дур аз фазои эҳсосӣ ва ҳаяҷонӣ, бо такя бар се асли бунёдини худ дар сиёсати хориҷӣ, яъне «Иззат», «Ҳикмат» ва «Маслиҳат» ва бо баҳрамандӣ аз тавон ва таҷрибаи неруҳои мусаллаҳи худ, барномарезии муносиберо барои иҷрои танбеҳи душман анҷом дод.

Бо вуҷуди ин ки душман аз рӯзҳои қабл худро омодаи посухи эҳтимолии Ҷумҳурии Исломии Эрон карда буд ва сомонаҳои падофндӣ монанди Гунбади Оҳанин, Флахони Довуд, Пикан, Барак ва…ро фаъол карда ва аз пӯшиши падофнди ҳудуди 10 кишвар, аз ҷумла Амрико ва Англис баҳра мебурд ва ҳатто бар осмони кишварҳои минтақа, монанди Ироқ ва Урдун тасаллут доштанд, боз дар амалиёти “Ваъдаи Содиқ”, ки амалиёти ошкор ва таркибӣ бо истифода аз паҳпод, мушаки Куруз ва мушаки баллистик буд натавонист боздорандагии муносибе дар баробари таҳоҷуми ғаюрмардони Сипоҳ дошта бошад ва дар ниҳоят мушакҳо ба ду пойгоҳи низомии «Навотим» ва иттилооти «Ҷабалуш-Шайх»-и режими саҳюнистӣ ба унвони аҳдофи аслии Сипоҳ бо муваффақият исобат карданд.

Бинобар ин, амалиёти “Ваъдаи Содиқ” ҳамаи муодилотро тағир дод ва муҳосиботи душмани саҳюнистиро бар ҳам зад, ба тавре, ки Исроил тасаввур мекард Теҳрон посухи ҷинояти террористии ин режим алайҳи консулгарии Эрон дар Димишқро аз тариқи яке аз муттаҳидони худ дар меҳвари муқовимат хоҳад дод, аммо иттифоқе, ки афтод комилан мутафовит буд.

Дар шароите, ки ағлаби душманон тасаввур мекарданд роҳбурди Эрон мубтанӣ бар адами вуруд ба рӯёрӯии мустақим аст, аммо амалиёти Ваъдаи Содиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамаи ин тасаввуротро бар ҳам зад ва ба душманон ва дар раъси он режими ишғолгари саҳюнистӣ ҳушдор дод аз посухи мустақим ба он ҳеҷ ибое надорад ва замоне, ки пойи ҳокимияти Эрон дар миён бошад ин кишвар ҳеҷ хатти қирмизеро намешиносад. Ин амр мӯҷиб мегардад саҳюнистҳо дар марҳалаи баъди қабл аз иртикоб ба ҳар ҳамоқати ҷадиде ҳазорон бор арзёбӣ ва муҳосиба кунанд.

Ин амалиёти Эрон собит кард тарси Амрико аз вуруд ба ҷанги бо Эрон ва ба хатар афтодани манофеи худ дар минтақа ба андозае аст, ки ҳатто агар Исроил ҳам дар хатар бошад Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳозир ба тақобули мустақим бо Эрон намешавад ва худашро вориди як ҷанги беҳуда ва пурҳазина намекунад. Бинобар ин Эрон собит кард, ки Эрони 2024 бо Эрони даҳаи 1980 ва қабл аз Инқилоб комилан мутафовит буда ва метавонад тарафҳои чун Амрикоро водор ба ақибнишинӣ кунад.

Бинобар ин Эрон муваффақ шуд дар айни посух ба ҷинояти саҳюнистҳо, қавонини ҷадидеро дар даргирӣ эҷод кунад, ки ҳамчунон бештар хоҳанд шуд ва ҳатто агар саҳюнистҳо муртакиби ҳамоқати ҷадиде ҳам бишванд, ин натоиҷе, ки амалиёти Ваъдаи Содиқ рақам зад, пок нахоҳад шуд. Ишғолгарон ба хубӣ медонанд, ки ҳар ҳамоқати тоза аз сӯи онҳо чӣ авоқиби маргборе дорад ва ба ҳамин далел аст, ки Амрико шадидан Исроилро таҳти фишор қарор дода ва бо ҳар таҳарруки низомӣ аз ҷониби он мухолиф аст.

Амалиёти Ваъдаи Содиқи Эрон собит кард режими ҷинояткори саҳюнистӣ ҳатто дар муқобила бо хатароти кӯтоҳ ва маҳдуд ҳам ба шиддат вобаста ба таҷҳизоти низомӣ ва дифоии Амрико ва дигар ҳомиёни худ аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба танҳои қодир ба муҳофизат аз пойгоҳҳои артиши худ ҳам нест чӣ бирасад ба ҷабҳаи дохилии Фаластини ишғолӣ ва шаҳракнишинони саҳюнистӣ.

Ба таври куллӣ амалиёти талофиҷӯёнаи Эрон баёнгари вуруд ба як марҳалаи ҷадид ва як тағири кайфӣ аст, ки чолишҳои пеши рӯи ниҳодҳои тасмимгирии сиёсӣ ва амниятии режими ишғолгарро беш аз пеш ташдид мекунад. Иттифоқе, ки афтод алорағми ҳамаи талошҳои Амрико ва Исроил, муодилотро ба нафъи меҳвари муқовимат тағир дод ва имрӯз саҳюнистҳо ба ин фикр мекунанд, ки агар ин ҳаҷм аз мушакҳо ва паҳподҳо аз фосилаи кам ва аз ҷануби Лубнон ба самти арозии ишғолӣ шиллик шавад дар сояи нотавонии сомонаҳои падофанди артиши Исроил, чӣ иттифоқе барои ҷабҳаи дохилии ин режим хоҳад афтод?

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад