Дархости Зеленский аз кишварҳои ғарбӣ барои афзоиши кумакҳо

Раисҷумҳури Украина бо баёни буҳрони ин кишвар дар ҷабҳаи набард, хостори кумакҳои бештари ғарб шуд.

Раисҷумҳури Украина бо баёни буҳрони ин кишвар дар ҷабҳаи набард, хостори кумакҳои бештари ғарб шуд.

Ба нақл аз ТАСС, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ба авзои вахоматбори ин кишвар дар ҷабҳаи набард бо Русия эътироф кард.

Раисҷумҳури Украина ҳамчунин кишварҳои ғарбро ба далели кумакҳои низомии маҳдуд ба ин кишвар муқассири вазъи мавҷуд донист.

Зеленский гуфт, ки вазъияти ҷабҳаи ҷанг ҳамеша душвор аст. Аммо ин рӯзҳо ва ба вижа дар манотиқи Донетск кор сахттар шудааст.

Вай бо ишора ба кумаки кишварҳои ғарбӣ ба режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Эрон ба Фаластини ишғолӣ, бори дигар хоҳони кумаки бештари Амрико ва кишварҳои ғарбӣ шуд.

Ахиран нашрияи Файнаншиал Таймз ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш дод, ки дар авҷи афзоиши ҳамалоти ҳавоии Русия, Украина фишор бар бархе кишварҳои аврупоӣ барои дарёфти сомонаи падофанди ҳавоииро бештар кардааст.

Ба навиштаи ин нашрия, ин иқдом пас аз радди дархости Украина барои ин сомона аз сӯи дигар кишварҳои ғарбӣ анҷом гирифтааст. Полша, Испания ва Руминия кишварҳое ҳастанд, ки Украина хоҳони дарёфти сомонаи дифои ҳавоӣ аз онҳо аст.

Зеленский рӯзи панҷшанбе ҳам гуфта буд: ҳар рӯз ба Украина ҳамла мекунанд ва ҳар рӯз мешунавем, ки Украина сомонаҳои падофанди ҳавоии ҷадид дарёфт хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад