Русия: Ҳамлаи Эрон ба Исроил дифоъ аз худ буд

Вазорати хориҷаи Русия ҳамалоти танбеҳии Эрон алайҳи режими палиди саҳюнистиро баробар бо маншури Созмони Милал машрӯъ арзёбӣ кард.

Ба гузориши “Спутник”, вазорати хориҷаи Русия иқдоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамла ба аҳдофи муаян дар арозии ишғолиро мисдоқи дифоъ аз худ тавсиф кард.

Вазорати хориҷаи Русия рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, ки амалиёти танбеҳии Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ бар асоси моддаи 51 маншури Созмони Милал сурат гирифтааст ва посухе ба ҳамлаи режими Исроил ба бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ аст.

Бар асоси моддаи 51 маншури Созмони Милали Муттаҳид дар сурате, ки як узви Созмони Милал мавриди таҷовузи мусаллаҳона қарор гирад, дифоъи он кишвар аз худ ҳаққи машрӯъ ва табиӣ аст.

Қарор аст Шӯрои Амнияти Созмони Милал то соати дигар дар бораи амалиёти зидди саҳюнистии дишби Ҷумҳурии Исломии Эрон нишаст баргузор кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад